Маълумоти охирин
Главная / Биология / ТАБАРХУН

ТАБАРХУН

ТАБАРХУН, 1) номи дигари челон; 2) сурхбед (SalixPurpurea), бутта ё дарахти хурдест аз оилаи бедҳо. То 3—4 м қад мекашад. Пӯстлохи шохҳои кӯҳнааш хокистарӣ, навдааш зардтоб ё дорчинӣ, холҳои қирмизӣ дорад. Баргаш нештаршакл, бепашмак, хӯшагул («гӯшворак)-аш пеш аз баргбарорӣ мешукуфад; гулҳояш арғувониянд.

1129452_orig
Асосан дар Европаи Ҷанубӣ ва Миёна, Африкаи Шимолӣ ва СССР (қисман) мерӯяд. Табархунро дар баъзе маҳалҳои Тоҷикистон низ (масалан шаҳри Ӯротепна) мепарваранд. Сурхбед дар баъзе кишварҳо аҳамияти саноатӣ дорад. Пӯстлохашро, ки 3—10% моддаҳои даббоғии катехинӣ дорад, барои ош додани пӯст истифода мебаранд. Пӯстлохи навдаҳои 2—3-солаи онро (5—7% гликозиди салиции дорад) барои табобати буғумдард, ниқрис ва ғайра истифода мекунанд. М. Ҳоҷиматов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …