Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТАБАРОВ Соҳиб Шӯҳратиевич

ТАБАРОВ Соҳиб Шӯҳратиевич

ТАБАРОВ Соҳиб Шӯҳратиевич (таваллуд 23. 11. 1924, деҳаи Чорраҳаи Мӯъминобод, ҳозира раёни Ленинград вилояти Кӯлоб), мунаққид ва адабиётшиноси советии тоҷик, аъзокоррспонденти Академияи Фанҳои Ресспубликаи Совети Сотсиалситии Тоҷикистон (1953). Аз оилаи деҳқони камбаал. Аъзои КПСС аз соли 1946. Баъди хатми факултети адабиёти Иститути давлатиипедагогии Сталинобод (1943) муддате дар кафедран забон ва «адабиёти он муаллимӣкард. Ходими калони илмии Институти забон ва адабиёти Академияи Фанҳои РСС Тоҷикистон (1949—52), мудири кдфедраи забон ва адабиёти тоҷик, директор оид ба корҳои илмӣ (1952 —62), мудирӣ кафедраи адабиёти советии тоҷики Университети Давлатии Тоҷикистон (1962—80) буд. Досенти ҳамин кафедра (1980—85). Азсоли 1985 Ходими калони илмии Институтизабон ва адабиётв Академияи Фанҳои РСС Тоҷикистон. Ба қалами Табаров бештар аз 400 мақолаву асари илмӣ тааллуқ дорад. Дар асарҳои ӯ масъалаҳои омӯзиши марксистию ленинии мероси адабӣ, принсинҳои партиявият ва халқият, методу ҷараён ва услуби адабӣ, мавзӯъ ва ғоя, мундариҷа ва шакли асари адабӣ, гоянокии коммунистӣ, танқиди адабӣ ва просесси эҷоди бадеӣ, ҷаҳонбинии санъаткор, анъана ва навоварӣ, инъикоси Револютсияи Октябр ва тасвири образи В. И. Ленин дар адабиёти тоҷик тадқиқ шудаанд. Табаров дар таҳриру таълифи «Очерки таърихи адабиёти советии тоҷик» (1956) иштироккардааст. Ӯ яке аз муаллифони китоби дарси ва хрестоматияи адабиёти тоҷик барои синфи 9-ум (1951—54) ва якчанд программаи таълими адабиёт барои мактабҳои миёна ва олист. Аъзои Правленияи Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон, аъзои ҳайати асосии таҳририяи Энсиклопедияи Советии Тоҷик, аъзои президиуми Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити мадании Тоҷикистон бо мамлакатҳои хориҷӣ ва ғайра. Аз соли 1947 узви Иттифоқи НависандагониСССР. Бо се ордени «Нишони Фахрӣ» ва Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.
Осор: Пайрав Сулаймонӣ, Душанбе, 1982; Ҳаёт, адабиёт, реализм, китоби 1—4, Душанбе, 1988 —84. А. Маҳмадаминов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …