Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТАБАРОВ Нур

ТАБАРОВ Нур

tabarov-nur

ТАБАРОВ Нур (таваллуд 15. 7. 1941, деҳаи Ғешии раёни Орҷоникидзеобод), нависанда ва журналисти советии тоҷик. Аз оилаи зиёӣ. Аъзои КПСС аз соли 1969. Университети Давлатии Тоҷикистон (1962) ва Мактаби олии партиявии назди Комитети Марказии КПСС-рохатм кард (1976). Ходим ва ҷонишини муҳаррири газетаи «Комсомоли Тоҷикистон» (1962— б8), мухбири газетаи «Комсомолская правда» дар Тоҷикистон («1970—72), муҳаррири газетаи «Комсомолец Таджикистана» (1972—74), мудири шӯъбаи газетаи «Коммунист Таджикистана» (1976), мудири шӯъбаи пропаганда ва агитаcияи Комитети партиявии шаҳри Душанбе (1976— 79), муҳаррири газетаи «Тоҷикистони Советӣ» (1979—86) буд. Аз сентиябри 1986 мудири шӯъбаи маданияти Комитети Марказии Партияи Коммунистии Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон. Ду маҷмуаи ҳикояву очеркҳояш: «Роҳҳои дуру наздик»(1977) ва «Ин баҳор чӣ меорад?»(1983) чоп шуд. Табаров муаллифи драмаҳои «Шикори аҷдаҳо» (бо ҳамкории С. Юрев), «Парвози вопасин», «Кафшҳои Абулқосим» (бо ҳамкории Т. Аҳмадхонов) ва Дар чорсӯ». Лауреати Мукофоти Иттифоқи Журналистони Тоҷикистон ба номи А. Лоҳутӣ (1981). Аъзои Комитети Марказии Партияи Коммунистии Тоҷикистон аз соли 1981. Депутати Совети Олии Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон (даъватҳои9—10). Узви Иттифоқи Нависандагони СССР аз соли 1983.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …