Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТАБАРӢ Абӯҷаъфар Муҳаммад

ТАБАРӢ Абӯҷаъфар Муҳаммад

ТАБАРӢ Абӯҷаъфар Муҳаммад ибни Ҷарир ибни Язид (838 ё 839, шаҳри Омули Табаристон —923, Бағдод), муаррих ва фақеҳи араби- забони форс-тоҷик. Баъди таҳсил ба шаҳрҳои Рай, Бағдод, Басра, Куфа инчунин ба Сурия ва Миср мусофират намуд. Пас аз сафари тӯлонӣ ӯ то охири умр дар шаҳри Бағдод зиста, оид ба таърих ва илоҳиёт асарҳои илмӣ эҷод кард. Асари ба таърихи умумиҷаҳонӣ оиди ӯ «Таърих-ар-русул ва ал-мулук» («Таърихи пайғамбарон ва шоҳон»; нигаред Таърихи Табарӣ) бисёр масъалаҳои муҳими таърихи Хилофати арабро дар бар мегирад ва дорои ҷанбаи таърихи умумиҷаҳонист. Табарӣ инчунин муаллифи асари бисёрҷилдаи «Китобу ҷомеъ-ул-баён фӣ тафсир-ул «Қуръон» («Китоби маҷмӯи баён дар тафсири Қуръон») мобошад. Табарӣдар Бағдод мактаби мустақили фақеҳони ҷаририёнро ташкил кард. Ӯ инчунин оид ба шеър, сарфу наҳв, риёзиёт ва тиб тадқиқот бурдааст. А. Ҷалилов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …