Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ТАБАҚОТИ НОСИРӢ»

«ТАБАҚОТИ НОСИРӢ»

«ТАБАҚОТИ НОСИРӢ» асари таърихии адиб ва муаррихи асрҳои 12—13 форс-тоҷик Абӯумар Минҳоҷуддин Усмон ибни Муҳаммад Сирочуддини Ҷузҷонӣ, ки соли 1260 ба забони тоҷикӣ таълиф кардааст. «Табақоти Носирӣ» ба яке аз подшоҳони Ҳиндустон Носируддин Маҳмудшоҳ (ҳукмронӣ 1246—65) бахшида шудааст. Асар аз 23 боб (табақа) иборат буда, мавзӯи асосии он таърихи умумии олам аст. Боби якум ба таърихи пайғамбарон, боби дуйюм ба таърихи чор халифаи араб, боби сеюм ба таърихи сулолаи Умавиён, боби чорум ба таърихи сулолаи Аббосиён, боби панҷум ба таърихи шоҳони қадими форс, боби шашум ба таърихи шоҳони Яман, боби ҳафтум ба таърихи сулолаи Тоҳириён, боби ҳаштум ба таърихи сулолаи Саффориён, боби нӯҳум ба таърихи сулолаи Сомониён, бобҳои даҳум — сездаҳум ба таърихи хонадонҳои Дайламиён, Сабуктегиниҳо, Салҷуқиён ва Санҷариҳо, боби чордаҳум ба таърихи шоҳони Нимрузу Систон, боби понздаҳум ба таърихи ҳокимови курд, боби шонздаҳум ба таърихи сулолаи Хоразмшоҳиён, боби ҳабдахум ба таърихи хонадони Шансабониҳо ва шоҳони Ғур, бобҳои ҳаждаҳум — бистум ба таърихи хонадонҳои Шансабониҳои Тахористону Ғазна, Муиззиҳои Ҳиндустон, бобҳои бистуякуму бистудуюм ба таърихи хонадонҳои Шамсиҳои Ҳиндустон. волиҳои султонҳои Шамсӣ, боби бистусеюм ба ҳуҷуми муғулҳо оиданд. Ҷузҷонӣ, ки дар давраи хуҷуми муғулҳо зиндагӣ мекард, дар бораи ҳамлаи муғул ба Эрон ва хонҳои муғул то аҳди Ҳалоку маълумоти муфассал медиҳад. «Табақоти Носирӣ» солҳои 1864 дар Калкатта, 1049—53 дар Лоҳур, 1963—64 дар Кобул нашр шуд. Ба забонҳои англисию русӣ тарҷума шудааст. У.Тоиров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …