Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / ТАБАҚОТИ АДВОР

ТАБАҚОТИ АДВОР

ТАБАҚОТИ АДВОР таркиби қаторовозҳоро гӯянд. Мувофиқи назарияи мусиқии гузашта аз таркиби ҷинсҳо ҷамъҳо ҳосил мешаванд. Дар рисолаҳои мусиқии асрҳои 15—16 ҷиноҳо ба ду гурӯҳ — табақоти сония ва табақоти уло ҷудо мешаванд. Гурӯҳи аввал қаторовозҳои чорзинаӣ (меъёраш дар ҳудуди кварта) ва гурӯҳи дуюм қаторовозҳои панҷзинаиро (меъёраш дар ҳудуди квинта) дар бар мегиранд. Ҷинсҳои гурӯҳи аввал ба ҳафт навъи ҷамъҳои зинаи поёнӣ (садо дар пардаи зинаи поён) ва ҷинсҳои гурӯҳи дуюм ба сездаҳ навъи ҷамъҳои зинаи болоӣ (садо дар пардаи зинаи болоӣ) асос мегузоранд ваҳамаи ин асоси танзими пардаҳо Табақоти адворро ташкил медиҳад. А. Раҷабов.

 

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …