Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ТАБАҚОТ-УС-СУФИЯ»

«ТАБАҚОТ-УС-СУФИЯ»

«ТАБАҚОТ-УС-СУФИЯ» асари Абдуллоҳи Ансорист. «Табақот-ус-суфия» тарҷумаи озоди тоҷикии «Табақот-ус сӯфия»-и Абдурраҳмони Суламист, ки аз рӯи он Абдуллоҳи Ансорӣ барои шогирдонаш дарс мегуфт. Дар асар дар бораи мутасаввифони давраи баъди вафоти Суламӣ ва гуфторҳои машоихи сӯфия низ маълумот дарҷ шудааст. Дар қисми илова мақолае бо номи «Фасл дар маърифат ва тавҳид» омадааст, ки дар он муаллиф роҷеъ ба назарияи маърифати тасаввуф маълумот дода, роҳу усули дарки маърифати илоҳиро баён кардааст.
Чор нусхаи дастнависи «Табақот-ус-суфия» маълум аст, ки се нусхаи он дар китобхонаи Туркия ва як нусхааш дар Калкатта маҳфуз аст. И. Зиёев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …