Маълумоти охирин

ТАБАҚБАРОН

ТАБАҚБАРОН, табақбарӣ, яке аз маросимҳои тоҷикист, ки баъди фотиҳаи тӯй сурат мегирад. Дар водии Ҳисор, Кӯлоб, болооби Зарафшон ин маросимро лаълигардонӣ ё лаълибарон низ меноманд. Одатан дар иду ҷашнҳо тарафи домод ба арӯсшаванда «идӣ» гӯён тӯҳфа (сақичу ҳиио, оинаю шона, атру собун, ӯсмаю сурма. дастпонаю ангуштарӣ, гӯшвор, лаълии ширавор ва сарулибос) мефиристад. Падару модари арӯсшаванда дар навбати худ табаки ош ва нону кулча, таҳмол, ё ягон таому ширавор ва куртаеро барои домодшаванда мефиристанд, ки онро дар ноҳияҳои раёни Фориши вилояти Ҷиззахи РСС Узбакистон оши падархӯрак мономанд. Дар Бухоро ҳангоми табақбарон самбӯса, ҳалво ва моҳибирён мебаранд. Ҳамон рӯз домодшаванда ҷӯраҳояшро даъват менамояд ва маросими самбӯсахӯрону либоспӯшон барпо мешавад. Дар хонаи арӯсшаванда ҳам базму шодӣ барпо мегардад ва табақбаронбо зиёфат анҷом меёбад. Табақбарон то иди арусӣ давом мекунад.
Ф. Зеҳниева.

tuy

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …