Маълумоти охирин

ТАБАҚА

ТАБАҚА (арабӣ — гурӯҳ, якқисми мардум), як гурӯҳи иҷтимоии одамон аст, ки аз ҷиҳати мавқеъҳои иқтисодӣ ва ҳуқуқии худ фарқ мекунанд. Асосан хоси сохти ғуломдорӣ ва феодалист. Тафовутҳои табақавӣ, ки худ яке аз шаклҳои фарқиятҳои синфӣ мебошанд, боиси ба синфҳо тақсим шуданн ҷамъият мегарданд (нигаред Ленин В. И. Асарҳо, ҷилди 2, саҳифаи 498). Анъанаю одатҳои табақа меросианд. Дар ҷамъиятҳои ғуломдорӣ ва феодалӣ (Юнон ва Рим) ҳокимияти давлатӣ фарқиятҳои синфии аҳолӣ, мақом, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои ҳар кадом табақаро ба ҳукми қонун дароварда буд.

tabaka

Ба табақаҳо тақсим шудани аҳолӣ натиҷаи тақсимоти синфӣ бошад ҳам, онҳо комилан як набуданд. Масалан, дар Рими Қадим, бо вуҷуди ба патрисий ва плебейҳо тақсим шуданитабақаҳо, аа рӯи дороӣ боз ба чандин тоифаҳо ҷудо мешуданд. Дар Европаи феодалӣ рӯҳониён ва дворянҳо табақаи болоӣ ҳисоб шуда, онҳо нисбат ба табақаи паст (савдогарон, ҳунармандон, деҳқонон) имтиёзҳои калон доштанд.
Дар Осиёи Миёнаи феодалӣтабақаҳо аз хоҷаю саидҳо, савдогару ҳунармандон иборат буданд. Дар баъзе мамлакатҳои Шарқ табақаҳо аз рӯи касб ва фарқияти этникӣ дар шакли каста вуҷуд доштанд. Пайдоиш ва инкишофи муносибатҳои капилалистӣ боиси таназзули табақаҳо гардид.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …