Маълумоти охирин

ТАБАҚ

ТАБАҚ, зарфест барои таомгирӣ. Бозёфтҳои археологӣ собит менамоянд, ки навъҳон гуногуни табақ (хусусан табақи чӯбӣ ва сафолӣ) ҳанӯз аз замонҳои қадим маъмул будааст. Табақ гуногун (паҳн ё чуқур) мешавад. Онро аз чуб, сафол, чинӣ, филизот, баъзан аз мармар месозанд.
1. Табақи чинӣ. 2. Табақи чӯбӣ.
табақи чӯбӣ дар ноҳияҳои марказӣ ва ҷануби Тоҷикистон то ҳол маъмул буда, ҳаҷм, андоза ва шакли гуногун дорад ва онро дар дастгоҳи махсус аз чӯби бед, чормағз, тут, зардолу ва ғайра метарошанд. Ҳоло табақҳои сафолӣ, чинӣ, тунукаро дар заводҳои махсус тайёр карда, сир давонида бо нақшу нигор ва гул оро медиҳанд.
М. Ҳомидҷонова.

kosai_tojiki-2

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …