Маълумоти охирин

ТАБ

tab

ТАБ, ҳуммо, табрез, табёза дар тиб, дар натиҷаи ба маркази танзими ҳарорат таъсир намудани омилҳои гуногун: сирояти микроорганизмҳои касалиовар, захм, нобудшавии бофтаҳо ва ғайра баланд шудани ҳарорати баданро гӯянд. Таб бемории мустақил нест. Вале баъзе беморнҳоро ҳоло ҳам «таб» меноманд (масалан, таби қу (q), таби зард, таби рехтагарон ва ғайра). Ҳангоми таб мубодилаи моддаҳо, асабияи марказӣ, узвҳои нафаскашӣ, ғадудҳо, дилу ралҳо ва ғайра тағйир меёбанд; нобудшавии сафедаҳо ва оксидшавии ангиштобҳою равған зиёд гардида, об ва баъзе электролитҳо дар бадан боздошта мешаванд. Дараҷаи зуҳуроти табба қувваи омили таб ва ҳаяҷонпзирии маркази танзими ҳарорат вобастагӣ дорад. Таб сироятӣва ғайрисироятӣ мешавад. Таби сироятӣ дар натиҷаи ба организм таъсир намудани токсин (заҳр) ва моддаҳои мубодилаи микробу вирусҳо, лат хӯрдани бофтаҳо, нобуд шудани лейкоситҳо ва ғайра ба вуҷуд меояд. Табии ғайрисироятӣ бошад, ҳангоми осеби таламус (ғуррии босира)-и мағз, хунгузаронӣ ва ғайра пайдо мешавад.
Таб ҳаррӯза, шифоӣ (Таби сунъие, ки барои дармони дарде ба амал меоранд), навбатӣ (Табе ки баъди хурӯҷи он 1—2 рӯз давраи бетаб давом мекунад), беҳолкунанда (Табе, ки дар он пасту баландшавии шаборӯзии ҳарорат аз 1о зиёд мебошад, вале ҳарорати минималӣ ба ҳаддӣ эътидол намерасад), сӯзон (Табе, ки ҳангоми он ҳарорати бадан аз 40,5° эиёд мешавад), нифосӣ (бемории уфуние, ки баъди таваллуд дар занҳо воқеъ мегардад), намакӣ (ҳангоми ба организм бисёр дохил шудани намаки ош рӯй медиҳад), ғизоӣ (дар тифлони ширмак ҳангоми истеъмоли хӯроки ба синашон номувофиқ ба аввал меояд), сафедавӣ (дар натиҷаи ба бадан гузаронидани сафедаи бегона пайдо мешавад) ҳам мешавад. Одам ҳангоми як қатор бемориҳои хун, аллергӣ ва эндокриӣ низ табмекунад.
3. Абдуллохӯҷаев.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …