Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ТАЪРИХИ ХОНИ ҶАҲОНӢ ВА МАХЗАНИ АФҒОНӢ»

«ТАЪРИХИ ХОНИ ҶАҲОНӢ ВА МАХЗАНИ АФҒОНӢ»

«ТАЪРИХИ ХОНИ ҶАҲОНӢ ВА МАХЗАНИ АФҒОНӢ» (бо номҳои «Рисолаи таърихи афғониёи», «Таърихи афғонӣ», «Махзани афҒОНӢ» низ машҳур аст), асари таърихии муаррихи форс-тоҷик Неъматуллоҳ ибни Ҳабибуллоҳи Ҳиравӣ, ки солҳои 1612—13 ба забони тоҷикӣ таълиф шудааст. Китоб аз муқаддима, ҳафт боб ва хотима иборат аст. Муқаддима ба таърихи Яъқуб ва авлоди ӯ, бобҳои 1—2 ба таърихи афғонҳое, ки ба тарафи Ғур, кӯҳҳои Сулаймону Рох муҳоҷират кардаанд ва саргузашти Ҳалид ибии Валид, бобҳои 3—4 ба саргузашти Баҳлули Лудӣ ва авлоди ӯ (то соли 1526), Шершоҳи Сур ва авлоди ӯ то соли 1612), бобҳои 5—6 ба ҳаёт ва фаъолияти Хони Ҷаҳота Лудӣ ва шаҷараи афғонҳо, боби 7 МУХТАСАРАН ба таърихи подшоҳии Ҷаҳонгир бахшида шудааст. Тафсири ҳаёт ва зиндагии 68 уламои афгон дар хотимаи асар омадааст.
Муаллиф дар муқаддима қайд мекунад, ки аз «Таърихи Табарӣ», «Таърихи гузида», «Маҷмаъ-ул-ан- соб», «Таърихи Низомшоҳӣ», «Акбарнома», «Таърихи Шершоҳӣ», «Табақоти Акбарӣ» ва ғайра истифода кардааст.
«Таърихи хони ҷаҳони ва махзани афғонӣ» барои омӯхтани таърихи сарзамини афгон ва баъзе воқеаю рӯйдодҳои асрҳои 15—16 ва маъхазҳои муҳим ба шумор меравад. Китоб солҳои
1960—62 дар Дакка чоп ва ба забонҳои англисӣ (1958, 1965), пушту (1905) тарҷума шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …