Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ТАЗКИРАТ-УЛ-ХАВОТИН»

«ТАЗКИРАТ-УЛ-ХАВОТИН»

«ТАЗКИРАТ-УЛ-ХАВОТИН» тазкираест, ки ноширу китобфурӯш Муҳаммад ибни Муҳаммадрофеъ Маликулкитоби Шерозӣ соли 1884—85 таълиф кардааст.
«Тазкират-ул-хавотин» зикри ҳол ва намунаи ашъорн 286 шоираи оламро (аз Арабу Рум, Ҳинду Аҷам), ки аз асри 7 то замони таълифи китоб зистаанд, дар бар мегирад. Китоб мувофиқи алифбои арабиасоси тоҷикӣ сохта шудааст.
Мураттиб ба ғайр аз воқеоти аслии таърихии зиндагии шоираҳо ҳикоёту ривоёти дар бораи онҳо вуҷуд доштаро низ овардааст. Яъне манбае, ки дар муқаддимаи «Тазкират-ул-хавотин» зикр шудааст, «Машоҳир-ун-нисо»-и Муҳаммадзеҳнии Афандист.
Нашр:
С.Алиев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …