Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ТАЗКИРАТ-УШ-ШУАРО»

«ТАЗКИРАТ-УШ-ШУАРО»

«ТАЗКИРАТ-УШ-ШУАРО» тазкираи Мирсиддиқи Ҳашмаг аст, ки дар миёиаи солҳои 90 асри 19 таълиф шудааст; аслан ном надошта, баъдтар унвони «Тазкират-уш-шуаро»-ро гирифтааст. «Тазкират-уш-шуаро» аз ду ҷилд иборат мебошад. Ҷилди аввал шарҳи ҳоли 85 шоир, ҷилди дуввум шарҳи ҳоли 88 шоирро дар бар гирифтаанд. Ба «Тазкират-уш-шуаро» ғайр аз шоирони Осиёи Миёна, бисёр адибу олимони Эрон, Афғонистон ва Ҳиндустон аз рӯи тазкираҳои дар мамлакатҳои мазкур таълифшуда, дохил карда шудаанд. Оид ба шоирони доираи адабии Бухорои асри 19 муаллиф асосан ба маълумоти тазкираи Возеҳ истинод карда, дар баъзе мавридҳо (масалан, дар боби Шоҳин) аз мероси шоирон намунаҳои зиёд овардааст. Дар «Тазкират-уш-шуаро» инчунин якчанд шоире, ки пас аз таълифи тазкираи Возеҳ ба арсаи адабиёт омадаанд, илова гардидаанд. Дар захираи дастнависҳои институти шарқшиносии Академияи Фанҳои РСС Узбакистон зери рақамҳон 2728 (ҷилди 1) ва 61 (ҷилди 2) маҳфуз аст. М. Ҷалилова.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …