Главная / Техника / ТАБДИЛДИҲАНДАИ ТЕРМОЭЛЕКТРӢ

ТАБДИЛДИҲАНДАИ ТЕРМОЭЛЕКТРӢ

ТАБДИЛДИҲАНДАИ ТЕРМОЭЛЕКТРӢ, генератори термоэлектрӣ, таҷҳизотест барои бевосита ба энергияи электрӣ табдил додани энергияи гармӣ; кори он ба падидаи Зеебек асос ёфтааст.

t-termoelektri

Табдилдиҳандаи термоэлектрӣ асосан аз термобатарея (термоэлементҳои пай дар пай ё параллел пайвастшуда), гармии ваэкулаки контактҳои гарм ва сарди термобатарея иборат мебошад. Табдилдиҳандаи термоэлектрӣ аз рӯи ҳарорати корӣ паст, миёна ва баландҳарорат (мувофиқан 20—300°С; 300—600°С; 600—1000°С), аз рӯи соҳаи истифодаи кайҳони, баҳрӣ, рӯизаминӣ ва ғайра ва аз рӯи манбаи гармӣ изотопӣ, офтобӣ, газӣ ва ғайра мешавад. К. а. м.-и беҳтарин табдилдиҳандаҳои термоэлектрӣ тақрибан ба 15% баробар буда, иқтидори он садҳо кВт-«ро ташкил мвдиҳад. Табдилдиҳандаи термоэлектрӣ нисбат ба табдилдиҳандаҳои маъмули термомошинии энергия (масалан, турбогенераторҳо) як қатор бартариҳо дорад: он қисмҳои ҳаракатнок надорад; боэътимод аст. услуби истифодааш осон аст. Аз Табдилдиҳандаи термоэлектрӣ ҳангоми бо энергияи электр таъмин намудани истеъмолкунандагони мавзеъҳои дурдаст ва мушкилгузар (миноҳои автоматӣ, нишонаҳои навигасионӣ, стансияҳои метеорологӣ, ретрансляторҳо, аппаратҳои кайҳони ва ғайра) истифода мебаранд. Табдилдиҳандаи термоэлектрии ҳозиразамон норасоиҳо ҳам дорад, чунончи к. а. м.-и он хурд буда, арзишаш нисбатан баланд аст. Д. Давлатшоев

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …