Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ТАЪРИХИ ТЕМУРИ ЛАНГ ВА ВОРИСОНИ Ӯ»

«ТАЪРИХИ ТЕМУРИ ЛАНГ ВА ВОРИСОНИ Ӯ»

«ТАЪРИХИ ТЕМУРИ ЛАНГ ВА ВОРИСОНИ У», асарест аз Фомаи Мецопӣ, ки дар асри 15 ба забони арманӣ таълиф шудааст. Дар «Таърихи Темури ланг ва ворисони ӯ» воқеаҳои пуршур ва фоҷиаҳои солҳои 1388—1446 дар мамлакатҳои Шарқи Наздик, хусусан Закавказия рӯйдода тасвир шудааст. Дар «Таърихи Темури ланг ва ворисони ӯ аз юришҳои Темуру ворисонаш дар Хуросону Мовароуннаҳр, Закавказия, ҷангҳояш бо хони Олтинӯрда Тӯхтамиш, бо шоҳи гурҷиҳо Багрот, султони туркҳо Боязиди I, забти қисми Ҳиндустон, Кашмиру Бадахшон ва ғайра сухан меравад. Дар «Таърихи Темури ланг ва ворисони ӯ» аз хусуси бедодгариҳои Темуру ворисонаш (Мироншоҳ, Шоҳрух, Маликшоҳ ва ғайра), саркардаҳои туркман Қароюсуф (ҳукмронӣ 1388—1420, ҳоким аз сулолаи Қароқуюлу), писарони ӯ Искоддар (ҳукмронӣ 1420— 37), Ҷаҳоншоҳ (ҳукмронӣ 1437—67), инчунин Отман ва ғайра ба халқи айкаэан (арман) низ нақл мешавад. Бино ба маълумоти «Таърихи Темури ланг ва ворисони ӯ» дар асри 15 дар хоки Закавказия, хусусан Арманистон, тоҷикоши зиёде маскан гузида, деҳкадаю дайру масҷидҳо сохта, якҷоя бо арманҳо зиндагӣ карда, бо душманон мубориза бурдаанд. Инчунин дар бораи зисту зиндагии тоҷикон дар хоки арман, ба ҷафову қатли ворисони Темур, хонҳои туркмаи Искандари қотил (соли 1425 дар шаҳри Урмон 700 тоҷикро куштааст), писари ӯ Арлӣ — ҳокими Тосп (дар вақти ситониши андоз нисбат ба тоҷикон ниҳоят беинсофӣ кардааст) гирифтор шудани онҳо сухан меравад. Муаллифи китоб воқеаҳоро ҳаққонӣ ба қалам додааст.
«Таърихи Темури ланг ва ворисони ӯ» барои омӯхтани таърихи халқҳои арману тоҷик, муборизаи якҷояи онҳо бар зидди ситамгарони ҳамон давр, аҳамияти калон дорад.
Адабиёт: фома Мецонский., Истории Тимурланга и его преемников, «Академии Наук Азербайджанской ССР», Баку, 1957.
У. Назиров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …