Маълумоти охирин
Главная / Илм / ТЕОРЕМАИ СРТ

ТЕОРЕМАИ СРТ

ТЕОРЕМАИ СРТ, СРТ-теорема аз теоремаҳои   асосии назарияи квантии майдон буда, дар ҳама гуна таъсироти мутақобил инвариант (бетағйир) мондани ҳосили зарби инверсияи фазо Р (табдили координатаҳои х, у, z ба — х, —у, —z), инверсияи вақт Т (табдили t ба — t) ва инверсияи заряд С (табдили зарраҳо ба антизарраҳои онҳо)-ро ифода мекунад. Ин теорема хусусиятҳон СРТ симметрияро ифода мекунад. СРТ- симметрия комбинацияи СР-симетрия ва Т-симметрия (симметрияи нисбат ба амали табдил ё худ инъикоси вақт) мебошад. Ин ҷо амали табдили вақт ба маънои чаппа гардондани самти мурури замон намеояд, балки ду тарзи муоинаи ҳамон як ҳодиса — мушоҳидаи инкишофи муқаррарии ҳодиса дар тири вақт ва «мушоҳидаи» рӯйдоди чаппаи онро ифода мекунад. Ба тақозои теоремаи СРТ, олами мо бояд ҳамранги куллии оламе бошад, ки он аз олами мо дар натиҷаи табдилоти якбораи СР ва Т ҳосил мешавад. (тартиби ин амалҳо — СРТ, СТР, РСТ, РТС, ТРС, ТСР аҳамият надорад). Теорема бағоят душвор аст. Теоремаи СРТ-ро соли 1951 олими немис Г. Людерс ва соли 1955 В. Паули шакл бастаанд.

Аз Теоремаи СРТ бармеояд, ки массаи зарраву антизарраи он ҳамченанд. Таҷриба ин хулосаро ба куллӣ тасдиқ кард. Аз Теоремаи СРТ инчунин хулоса бармеояд, ки заряди электрӣ, адади барионӣ, моментҳои электриву магнитӣ, гиперзаряд ва дигар тавсифоти зарраву антизарра якхелаанд. Мувофиқи Теоремаи СРТ умри зарраву антизарраи ноустувор ба якдигар баробар ва спектрҳои энергиву тақсимоти кунҷии маҳсулоти зарраву антизарра бояд ҳамранг бошанд. Ҳама далелҳои мавҷудаи таҷрибавӣ собит мекунанд, ки СРТ -симметрия амиқтарин навъи симметрия мебошад ва то ҳол ягон мавриди вайрон шудани СРТ-инвариантияи мушоҳида нагардидааст.

С. Қодирӣ.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …