Маълумоти охирин
Главная / Илм / ТЕОРЕМАИ СИНУСҲО

ТЕОРЕМАИ СИНУСҲО

ТЕОРЕМАИ СИНУСҲО, 1) дар тригонометрияи ҳамвор, теоремаест, ки таносуби байни тарафҳои секунҷаи дилхоҳ ва синусҳои кунҷҳои муқобилро муқаррар менамояд. Маънои теорема аз баробарии

бармеояд, ки ин ҷо а, b, с — тарафҳо, А, В, С — кунҷи муқобили мувофиқ, R — радиуси давраи берунтасвир. 2) Дар тригонометрияи сферавӣ, теоремаест, ки маънои он ба воситаи баробариҳои

ифода меёбад. Ин ҷо R — радиуси сфера. Ҳангоми R = 1 будан теорема ин тавр баён карда мешавад: синуси тарафҳои секунҷаи сферавӣ ба синуси кунҷҳои муқобил мутаносибанд. Агар яке аз кунҷҳои секунҷаи сферавӣ, масалан, А, кунҷи рост бошад, аз формулаҳои дар боло зикршуда пайдо мешаванд:

Теоремаи синусҳоро барои секунҷаи сферавӣ риёзидонон ва мунаҷҷимони Шарқ Ибни Ироқ, Абулвафои Бузаҷонӣ ва Абӯмаумуди Хуҷандӣ қариб дар як вақт кашф карданд.

Ш. Нуриддинов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …