Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ТАЗКИРАТ-УШ-ШУАРО» – тазкираи Мӯҳтарам

«ТАЗКИРАТ-УШ-ШУАРО» – тазкираи Мӯҳтарам

«ТАЗКИРАТ-УШ-ШУАРО» тазкираест, ки Мӯҳтарам соли 1908 таълиф кардааст. «Тазкират-уш-шуаро» ба ҷуз аз шоирони намоёне, ки дар тазкираҳои асри 19— ибтидои асри 20 буданд, боз Ибрат, Ошиқӣ, Назмӣ барин шоирони нави номашҳурро фаро гирифтааст. Муаллиф дар тазкира ашхоси дар огози асри 20 зиндагӣ ва эҷод кардаро дохил намудааст. Чанде аз онҳо амалдорон ва муқаррабони дарбор буда, ба шеъру шоирӣ муносибат надоштанд. Ҳоло аз «Тазкират-уш-шуаро» ду дастнавис мавҷуд аст: дастнависи аввал дар Ганҷинаи дастнависҳои Академияи Фанҳои РСС Тоҷикистон маҳфуз буда, бо дасти худи Мӯҳтарам китобат шудааст. Дастнавис мусаввадаи ба тартиб ва таҳрир даровардаест, ки шарҳи ҳоли зиёда аз 125 шоирро ба тартиби алифбои арабӣ аз «алиф» то «қоф» дар бар мегирад. Дар он тасҳеҳ ва иловаҳои муаллиф бисёранд. Дастнависи сонӣ дар захираи дастнависҳон Институти шарқшиносии Академияи Фанҳои РСС Узбакистон маҳфуз буда, соли 1923 дар Бухоро бо қалами Садри Зиё китобат шудааст. Ин нусха, ки хотимаи иловагӣ дорад, шарҳи ҳол ва намунаи ашъори 175 шоирро дар бар мегирад. «Тазкират-уш-шуаро» нотамом монда бошад ҳам, дар омӯхтани адабиёти охири асри 19 ва аввали асри 20 аҳамияти зиёд дорад.
Нашр:
А. Ҷонфидо.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …