Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ТӮҲФАТ-УС-САОДАТ»

«ТӮҲФАТ-УС-САОДАТ»

«ТӮҲФАТ-УС-САОДАТ» фарҳанги тафсирии форси-тоҷикист, ки Маҳмуд ибни Шайх Зиёуддин Муҳаммад соли 1511 таълиф кардааст. Дар муқаддима ба султон Сикандари Лудӣ (ҳукмронӣ 1489—1517) қасидае бахшида шудааст. Аз ин рӯ, баъзан бо номи «Тӯҳфат-ус-саодат»-и Сикандарӣ низ ёд шудааст. Муаллиф дар таълифи асар аз 11 фарҳанги тафсирии форсӣ-тоҷикӣ ва 5 фарҳанги арабӣ истифода бурдааст. «Тӯҳфат-ус-саодат» аз 32 боб ва ҳар бобаш аз ду фасл (муфрадот ва мураккабот) иборат мебошад. Миқдори моддаҳои луғании «Тӯҳфат-ус-саодат» аз 14 ҳазор калима зиёд аст. Дар он аз ашъори шоирони машҳур намунаҳо оварда шудаанд. Дар Шӯъбаи ленинградии Институти шарқшиносии Академияи Фанҳои СССР як нусхаи мукаммали он маҳфуз аст.
Адабиёт: Баевскиий С. И., Описание таджикских и персидских рукописей Института народов Азии, в. 4, Москва, 1962.
В. Капранов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …