Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / ТЕППАИ ПИРМУХАММАД

ТЕППАИ ПИРМУХАММАД

ТЕППАИ ПИРМУХАММАД, теппа, ёдгории археологии мансуб ба давраи атиқа, ки дар канори ҷанубу шарқии деҳаи Шаҳристони раёни Ӯротеппаи вилояти Ленинобод воқеъ аст. Дар он гурӯҳи қабрҳои аввали милод ва асрҳои 10—12 ёфт шудаанд. Солҳои 1956—58 омӯхта шудааст. Дар қабрҳои асрҳои 1—2, ки аз чуқуриҳои одди иборатанд, ғаир аз скелет зарфҳои сафолӣ, яроқ, асбоби ороиши занона ёфт шуд. Қабрҳои асрҳои 10—12 ғайр аз скелет ашё надоранд, деворҳои онҳо бо хишти хом рӯйкаш шудаанд. Ин гуна шакли қабр ба аввали давраи паҳншавии ислом дар ноҳияҳои кӯҳии Истаравшан хос буд. Санаи ин қабрҳоро як тангаи қарахонии Муҳаммад ибни Алӣ, ки солҳои 1023—24 дар шаҳри Узганд сикка зада шудааст, муайян мекунад. Бозёфтҳои теппаи Пирмуҳаммад барои омӯхтани маданият ва урфу одати бодиянишиноне, ки дар ҳудуди Истаравшан ба ҳаёти муқимӣ мегузаштанд, аҳамият дорад. Ҳамаи дафншудагон ба нажоди европои тааллуқ доранд.

Адабиёт: Негматов Н. Н., Салтовская В. Ц., Кияткина Т. П.. Изучение погребальных памятников кочевников на территории Уструшаны. Археологические работы в Таджикистане, в. С (1958 год), «Тр. ИИ АН Таджикской  ССР», том 27, Сталинабад, 1961.

У. Пулодов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …