Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ТАЪРИХИ МУШРИФ»

«ТАЪРИХИ МУШРИФ»

«ТАЪРИХИ МУШРИФ» асари таърихии муаррихи тоҷик (охири асри 19— аввали асри 20) Олимхоҷа ибни Мирзо Сайидхоҷаи Мушрифи Бухороист, ки тақрибан солҳои 1910—15 ба тоҷикӣ таълиф шудааст. «Таърихи Мушриф» аз ду қисм (китоб) иборат аст. Қисми 1 дорои 23 фасл буда, фасли 1 ба таърихи пайғамбарон, фаслҳои 2— 3 ба таърихи Муҳаммад пайғамбар, фасли 4 ба халифаи аввал, фаслҳои 5—12 ба таърихи ҳукмронии сулолаҳои Умавиён, Аббосиён, Сомониён, Ғазнавиён, Салҷуқиён, Хоразмшоҳиён, Чингизиён, Темуриён, Шайбониён, Аштархониён ва аввалин ҳукмронони Манғития (аз ҷумла амир Дониёлбӣ), фаслҳои 13—17 ба таърихи ҳукмронии амирон Шоҳмурод (1785—1800), Ҳайдар (1800—26), Ҳусайн (1826), Насруллоҳ (1827—60), Музаффар (1860—85), фасли 18 ба вазъияти Хоразм, фасли 19 ба таърихи мулки Дарвоз, фасли 20 ба таърихи амир Абдулаҳад (1885— 1910), фасли 21 ба таърихи Ҷанги русу япон, фасли 22 ба куштори суннию шиа дар Бухоро (1910), фасли 23 ба таърихи ҳукмронии амир Сайид Олимхон оиданд.

Қисмати 2-юми китоб аз хусуси Гуштосп, Зардушт, Доро, Искандари Мақдунӣ ва донишмандони Юнон маълумоти муфассал медиҳад. Дар асар доир ба бисёр шаҳрҳои Осиёи Миёна, муносибатҳои он бо Россия муносибатҳои Россияю Афғонистон дар замони ҳукмронии амир Абдулаҳад ва ғайра маълумоти муҳим ҷой дорад. Аз ин ҷиҳат «Таърихи Мушриф» барои омӯхтани воқеаю ҳодисаҳои гуногуни таърихӣ маъхази муфид мебошад. Забон ва услуби иншои асар нисбатан соддаю равон аст.

Адабиёт: Стори А., Персидская литература, ч. 1, Москва, 1972.         У, Тоиров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …