Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ТӮҲФАТ-УЛ-МУЪМИНИН»

«ТӮҲФАТ-УЛ-МУЪМИНИН»

«ТӮҲФАТ-УЛ-МУЪМИНИН»маҷмӯаест доир ба тибби қадим, ки Мирмуҳаммад Мӯъмини Танкобунӣ таълиф карда, аз панҷ қисм иборат аст. Қисми аввал дар бораи сабабҳои ихтилофи қавли табибон
дар моҳият, табиат, дараҷот ва қувваи давоҳои муфрада баҳс мекунад. Қисми 2-юм ба баёни сифати давоҳои муфрада оид аст. Дар қисми 3- юм зиёда аз 2700 истилоҳи давоҳои муфрада ба забонҳои юнонӣ, арабӣ, форсӣ, ҳинди, туркӣ ва ғайра зикр ёфтаанд. Аз ҷумла баёни моҳият ва кайфияти 1200 давоҳою ғизоҳои муфрада ва мураккаба, миқдори ошомидан ва хӯрдани онҳо шарҳ ёфтаанд. Қисми 4-ум ба давоҳои заҳрҳои маснӯъ, тадбири нест кардани таъсири заҳри мор, каждум, ғунда, растаниҳои заҳрнок ва ғайра марбут аст. Қисми 5-ум ба вазнҳои сиғор ва кибори тиббӣ ва таҳвили мутақобили вазнҳо бахшида шудааст. «Тӯҳфат-ул-муъминин» дастуроте низ дорад, ки дар он роҳҳои ҳосил кардани давоҳои муфрада ва усули беҳтар кунондани таъсир ва нигоҳ доштани қувваи давоҳо баён ёфтаанд. Дар қисми охири китоб тартиб додани доруҳои мураккаб барои давои чашму даҳои, дарозкунии мӯй, дафъкунаддаи озах, хол ва доғҳои гуногуни пӯст, нест кардани доғҳои гуногуви либос, муолиҷаи чорпоён ва паррандагон баён шудааст. «Тӯҳфат-ул-муъминин» соли 1883 дар Лакҳнав ва сол 1900 дар Конпур нашр шудааст. Ҳ. Зоҳидов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …