Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ТӮҲФАТ-УЛ-МАЪСУМИН»

«ТӮҲФАТ-УЛ-МАЪСУМИН»

«ТӮҲФАТ-УЛ-МАЪСУМИН» асари тиббиест, ки Солеҳ ибни Муҳамммадсолеҳи Қандаҳорӣ таълиф намудааст. Аз муқаддима ва ду боб иборат аст. Муқаддимаи асар дар маърифати обу ҳаво ва маскану истиқророти ҳайвоноти ваҳшӣ ва кулли ашёи муфрада, чидани он аз табиат ва тайёр кардани дору баҳс мекунад. Боби аввал масъалаи безурётӣ, тадбири ҳомилагӣ ва бемориҳои занони ҳомила, тадбири атфол аз вақти валодат то шашсолагиро дар бар мегирад. Боби 2-юм доир ба касалиҳои гуногуни кӯдакон маълумот медиҳад. «Тӯҳфат-ул-маъсумин» дар бораи аксар бемориҳои кӯдакон (бемориҳон дарунӣ, урологӣ, гӯш, гулӯ, бинӣ, ирсию онкологӣ ва ғайра) мувофиқи таснифоти тибби қадим баҳс мекунад. Муаллиф сурхак, хафақон, сил, исҳоли хунин, зардпарвин, рамад, зуком ва ғайраро мансуби бемориҳои сироятии бачагон донистааст. «Тӯҳфат-ул-маъсумин» доир ба таркибу лаззати зиёда аз 20 намуди обҳои минералӣ маълумот додааст. Аксар дастуру нишондодҳои «Тӯҳфат-ул-маъсумин» то ҳол қимати амалӣ ва назариявии худро гум накардаанд. Нусхаи дастнависи «Тӯҳфат-ул-маъсумин» дар Ганҷинаи дастнависҳои шарқии Академияи Фанҳои РСС Тоҷикистон таҳти рақами 75 маҳфуз аст. Ю Нуралиев, А. Алимардонов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …