Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ТАЪРИХИ МАНСУРӢ»

«ТАЪРИХИ МАНСУРӢ»

«ТАЪРИХИ МАНСУРӢ» (номи пуррааш «Ат-Таърих-ул-«Ман- сурӣ талхис-ул-Кашф в-ал-баён фӣ ҳаводис-из-замон»), асари таърихии дабир ва муаррихи араб Муҳаммад ибни Алии Ҳамавист, ки таълифаш апрели 1234 ба анҷом расидааст. «Таърихи  Мансурӣ» хулоса (мухтасар)-и асари «Кашф- ул-баён фи ҳаводис-из-замони»-и  худи ӯст ва ба Малик Мансури Иброҳим (писари ҳукмрони шаҳри Химсаи Байнаннаҳрайн; асри 13) эҳдо гардидааст. «Таърихи  Мансурӣ» ба бобҳо тақсим нашудааст. Он ба тарзи солнома мураттаб гардидааст ва асосан таърихи сулолаи Айюбиёнро, ки асри 13 дар Сурия, Фаластин ва Байнаннаҳрайн ҳукмронӣ кардаанд, дар бар мегиранд. Вале дар муқаддима ва якчанд саҳифаи аввали асар иҷмолан аз воқеаҳои таърихии асрҳои 7—11 ва 12, таърихи халифаҳои араб, сулолаҳои Умавиён, Аббосиён, Фотимиён ва ғайра сухан меравад. Дар «Таърихи  Мансурӣ» роҷеъ ба таърихи Эрон, Мовароуннаҳр ва Хуросон низ маълумоти мухтасаре мавҷуд буда, дар бораи Сомониён, Ғазнавиён, Хоразмшоҳиён, ҳуҷуми муғулҳо ба Осиёи Миёна, Эрон, Гурҷистон, Озарбойҷон ва дигар кишварҳо маълумоти муфид оварда шудааст. Муаллиф инчунин оид ба олимону нависандагон, шоирони давр, сохтмони мақбараю масҷидҳо, таваққуф намудааст. М. Диловаров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …