Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ТАЪРИХИ ҚИПЧОҚХОНӢ»

«ТАЪРИХИ ҚИПЧОҚХОНӢ»

«ТАЪРИХИ ҚИПЧОҚХОНӢ» асари муаррих Хоҷамқӯлибеки Балхӣ ибни Қипчоқхон, ки ба таърихи умумӣ оид аст. Қипчоқхон солҳои 1695—96 дар Ҳиндустон буд.
Соли 1713 дар Лоҳур бо ҳокими маҳаллӣ Абдуссамадхон қаробат пайдо карда, солҳои 1719—22 асари худро таҳти унвони «Таърихи Қипчоқхонӣ» таълиф намуд. Таърихи Қипчоқхонӣ» аз муқаддима, 5 боб ва хотима иборат аст. Дар муқаддима муаллиф оид ба бунёди олам хикоёт гирд овардааст. Боби 1 дар бораи пайғамбарони қабл аз Муҳаммад, бобҳои 2 ва 3 оид ба сулолаҳои тоисломии Эрон ва ҳокимони Арабистон, Байнаннаҳрайн, Мовароуннаҳр, Юнон, Рим ва Европа, Ҳиндустону Хитой маълумот додаанд. Боби 4 ба Муҳаммад ва хулафои рошидин, 12 имом, Умавиён, Аббосиён, асосгузорони 4 мактаби шариати мусулмонӣ ва боби 5 ба таърихи ҳукмронии сулолаҳои исломӣ, аз ҷумла Тоҳириён, Темуриён, Темуриёни Ҳинд, Сафавиён, Шайбониён ва Аштархониён (Ҷониён) оиданд. Асар барои тадқиқи таърихи мамлакатҳои Шарқ, аз ҷумла Осиёи Миёна сарчашмаи муҳим мебошад. Нусхаҳои алоҳидаи «Таърихи Қипчоқхонӣ» дар фонди дастнависҳои Шӯъбаи ленинградии Институти шарқшиносии Академияи Фанҳои СССР таҳти рақами С 433 (572 ад) махфуз аст. А. Ҷалолов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …