Маълумоти охирин
Главная / Варзиш / ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ

ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ

ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ, тарбияи бадан, ҷараёни иҷтимоию педагогист, ки ба солимии шахс ва инкишофи арганизми ӯ нигаронида шудааст. Дар СССР тарбияи ҷисмонӣ қисми таркибии тарбияи коммунистӣ буда, ба ташаккули ҳаматарафаи одами нав мадад мерасонад. Асоси усулҳои тарбияи ҷисмонии советиро «Ба меҳнат ва мудофиаи СССР тайёр» ташкил мекунад. Воситаҳои асосии тарбияи ҷисмонӣ гимнастика, спорт, туризм ва ғайра буда, инчунин ба он низоми беҳдошт, ҳар навъ меҳнат дохил мешавад.

t-jismoni
Дар тарбияи ҷисмонӣ оила мавқеи калон дорад. Падарону модарон бояд дар гимнастикаи пагоҳирузи ба фарзандонашон намуна бошанд. Тарбияи ҷисмонӣ дар оила аз гаҳвора оғоз ёфта, дар яслӣ, боғча, матаб давом мекунад.
Солҳои охир дар корхона, муассиса, колхоз, савхоз ва ғайра тарбияи ҷисмонии калонсолон хеле вусъат ёфтааст.

Инчунин кобед

futbol

ФУТБОЛ

ФУТБОЛ (англисӣ fоо1bаll, аз fооt— пой ва bаll — тӯб), як навъи спортро гӯянд, ки …