Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ТАШКИЛИ ИЛМИИ МЕҲНАТ

ТАШКИЛИ ИЛМИИ МЕҲНАТ

ТАШКИЛИ ИЛМИИ МЕҲНАТ, просесси дар заминаи комёбиҳои илму техника ва таҷрибаи пешқадам такмил додани ташкили меҳнатро гӯянд. Дар давраи сосиалисти он ягонагии манфиатҳои ҷамъият, коллектив ва ҳар як коргарро ифода намуда, барои ташкили хуби шаклҳои истифодаи меҳнат равона шудааст. Дар давраи капитализм ба пурзӯр шудани истисмори меҳнаткатон оварда мерасонад. Дар СССР Ташкили илмии меҳнат солҳои 20 асри 20 сар шуд. Ба он ҳаракати бригадаҳои зарбдор (нигаред Зарбдорӣ), инкишофи ҳаракати стахановӣ, ҳаракати бисёрдастгоҳчиён ва ғайра мусоидат намуданд.

bozori-mehnat
Ҷорӣ намудани Ташкили илмии меҳнат дар хоҷагии халқ такмили шаклҳои тақсим ва кооперасияи меҳнат дар коллектив, беҳтар намудани ҷои кор ва хизматрасонӣ дар он, ба нақша гирифтан ва ҷорӣ кардани усулҳои оқилонаи меҳнат, дастраси дигарон гардонидани таҷрибаи пешқадам, такмили усули ба норма даровардани меҳнат, беҳтарсозии амалияи ҳавасмандгардонии моддию маънавӣ барои меҳнат, беҳтар кардани шароити кор, беҳтар тайёр намудани кадрҳо ва такмил додани яхтисоси онҳо, мустаҳкам кардани интизоми меҳнат ва баланд бардоштани фаъолияти эҷодии меҳнаткашонро пешбинӣ мекунад.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …