Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТОҲИР ИБНИ ҲУСАЙН

ТОҲИР ИБНИ ҲУСАЙН

ТОҲИР ИБНИ ҲУСАЙН(775/776—822), асосгузори сулолаи Тоҳириён. Соли охири ҳукмронии Ҳорунаррашид дар пахш намудани Шуриши Рофеъ ибни Лайс дар шаҳри Самарқанд иштирок кардааст. Баъд аз вафоти Ҳорунаррашид дар мубориза барои тахт фармондеҳи қӯшуни Маъмун буд. Тоҳир ибни Ҳусайн баробари ба тахт нишастани Маъмун (813) ҳокими Байнаннаҳрайн (Месопотамия) ва сардори гарнизон (соҳибушшурта)-и ҳарбии Бағдод мешавад. Соли 821 ҳокими Хуросон таъин гардид, баъдтар аз итоати халифаи Бағдод саркашӣ кард ва ӯро бо амри халифа заҳр дода куштанд.
Н, Неъматов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …