Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ТӮҲФАТ-УЛ-ҲАБИБ»

«ТӮҲФАТ-УЛ-ҲАБИБ»

«ТӮҲФАТ-УЛ-ҲАБИБ» яке аз калонтарин ва қадимтарин радоифулашъорҳост, ки Фахрии Ҳиравӣ соли 1522 таълиф кардааст. Аз маҷмӯи ғазалҳои истиқболӣ фароҳам омадааст, ки шоирони асрҳои 15— 16 ба ғазалҳои шуарои мутааххирин ва муосирини худ гуфтаанд. Ғазалиёт ба тартиби алифоои арабӣ аз рӯи радифашон ҷой дода шудаанд. «Тӯҳфат-ул-ҳабиб» сарчашмаи муҳим доир ба адабиёти нимаи дуюми асри 15 ва ибтидои асри 16 мебошад. «Тӯҳфат-ул-ҳабиб» ба табъ нарасидааст. Якчанд нусхаи дастнависи он дар китобхонаҳои Иттифоқи Советӣ мавҷуд аст. С. Алиев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …