Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ТАРБИЯИ ЭСТЕТИКӢ

ТАРБИЯИ ЭСТЕТИКӢ

ТАРБИЯИ ЭСТЕТИКӢ, ҷараёни бомарамест, ки дар инсон муносибатҳои эстетикиро нисбат ба воқеият ташаккул медиҳад. Ин муносибатҳо бо пайдоиши ҷамъияти инсонӣ ба вуҷуд омада, пайваста бо он инкишоф ёфтаанд ва қисми таркибии фаъолияти маддию маънавии инсон гардидаанд. Тарбияи эстетикӣ дар ҷамъияти сосиалистӣ ба манфиати халқ комилан мувофиқ буда, асоси илмию методологии ягона дорад. Тарбияи эстетикӣ як қисми тарбияи коммунистӣ буда, ба инкишофи ҳаматарафаи шахсият мусоидат мекунад.

t-estetiki

Он мардумро дар асоси эстетикаи мартхистӣ-ленинӣ дар рӯҳи идеалҳои эстетикӣ ва фаҳмиши зебоию нафосат тарбия менамояд. Зебони ҳаёт ҳам восита ва ҳам натиҷаи Тарбияи эстетикӣ мебошад. Вай дар санъат ва адабиёти бадеӣ таҷассум ёфта, бо табиат, фаъолияти ҷамъиятию мехнатии одамон, маишат ва муносибати байни онҳо алоқаи зич дорад. Системаи Тарбияи эстетикӣ умуман аз ҳамаи надидаҳои эстетикии воқеият истифода мебарад.
Тарбияи санъатдӯстӣ қисми муҳиими Тарбияи эстетикӣ буда, ба ташакули қобилияту истеъдоди инсон дар соҳаҳои санъати тасвирӣ, мусиқӣ, вокалӣ, хореографӣ, театрӣ ва ғайра таъсири калон мерасонад. Дар просесси сохтмони ҷамъияти коммунистӣ саҳми тарбияи эстетикӣ дар ташаккули маданияти маънавии одам меафзояд. Дар ҷамъияти сосиализми мутараққӣ меҳнаткашон на танҳо соҳиби сарвати эстетикӣ, балки офарандагони ин сарват низ мебошанд.
Ба тарбияи эстетикии халқ иттифоқҳои интеллигенсияи эҷодкор — нависандагон, рассомон, бастакорон, кинематографистҳо, инчунин хонаҳои ходимони санъат, адибон, журналистон ва ғайра саҳми арзанда мегузоранд. Ба ин кор ҷамъйятҳои театрӣ, ҷамъйяти муҳофизати едгориҳой таърихӣ ва маданӣ, ҷамъияти муҳофизати табиат, хонаҳои эҷодиёти халқ (нигаред Хонаи эҷодиёти халқ), клубҳо, университетҳои халқӣ, китобхонаҳо, дастаҳои ҳаваскорони санъат ва ғайра кӯмак мерасонанд. Телевизион, радио, нашрияҳо, ки оммаро бо асарҳои баландмазмуни адабиёт ва санъат шинос мекунанд, воситаҳои оммавии Тарбияи эстетикӣ мебошанд. Танқиди адабӣ ва санъат ба амиқии завқи эстетикӣ ва дарки зебоӣ мусоидат мекунад. Дар мактабҳои маълумоти умумӣ, омӯзишгоҳҳои касбҳои техникӣ ва омӯзишгоҳҳои таълимии миёнаи махсус Тарбияи эстетикӣ қисми программаи таълимию тарбиявӣ мебошад. Дар инкишофи қобилияти эҷодӣ ва истеъдоди бачагон дар соҳаи адабиёт, мусиқӣ, суруд, хореография, театр, санъати тасвирӣ ва ғайра саҳми муассисаҳои берун азмактабӣ калон аст. Масъалаҳои Тарбияи эстетикии бачагон дар институтҳои тадқиқоти илмии Академияи Илмҳои СССР ва Вазорати маорифи халқи Республикаҳои иттифоқӣ тадқиқ мешаванд. Дар ҳайати Академияи Илмҳои Педагогии СССР Институти махсуси тадқиқоти илмии тарбияи санъатдустӣ вуҷуд дорад.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …