Маълумоти охирин
Главная / Биология / СИСТЕМАТИКАИ ҲАЙВОНОТ

СИСТЕМАТИКАИ ҲАЙВОНОТ

СИСТЕМАТИКАИ ҲАЙВОНОТ, як фасли систематикаро гуянд. Дар асри 4 то милод Арасту бори нахуст зиёда аз 450 хел ҳайвонро ба қайд гирифта, ба 2 гурӯҳи калон (хундор ва бехун) ҷудо намуд. Ҷонварони хундорро Арасту ба гуруҳҳое тақсим кард, ки тахминан ба синфҳои имрӯза наздиканд. Соли 1693 биологи англис Ҷ. Рей мафҳуми асосии систематика —намудро ҷорӣ кард, ки онро соли 1735 К. Линней барои таснифи классификатсия)-и ҳайвоноту наботот бисёр истифода кард. Ливней ба системаи ҳайвонот категорияҳои таксономии намуд, ҷинс, қатор ва синфро дохил кард. Аммо, системаи Линней низ номукаммал буд; масалан, ӯ соддатаринҳо, рӯдаковокҳо, сӯзанпӯстҳо ва нармбаданҳои сарпойро мансуби гурӯҳи сунъии зоофитҳо донист. Барои тартиб додани системаи ҳайвонот олимони франсавӣ Ж. Ламарк ва Ж. Кюве ҳиссаи босазое гузоштанд. Дар асарҳои худ «Системаи бемуҳраҳо» (1801) ва «Фалсафаи зоология» (1809) Ламарк ҳама ҳайвонотро ба бемӯҳра (инфузорияҳо, полипҳо, шуоиҳо, кирмҳо, ҳашарот, тортанакшаклон, харчангшаклон, мӯйлабпойҳо, нармбаданҳо ва ғайра) ва мӯҳрадор ҷудо кард. Ж. Кюве бошад, (4817) олами ҳайвонотро ба 4 шохаи асосӣ — шуоиҳо, банддорҳо, нармбаданҳо ва мӯҳрадорҳо  тақсим намуд, ки баъдтар (1825) зоологи франсавӣ А. Бленвил онҳоро тип номид. Соли 1874 зоологи немис К. Клаус олами ҳайвонотро ба 9 тип ҷудо кард: соддатаринҳо, рӯдаковокҳо (якҷоя бо исфанҷҳо), сӯзанпӯстҳо, кирмҳо, бандпойҳо, нармбаданҳо, нармбаданшаклон, пардадорҳо ва мӯҳрадорҳо. Бо гузашти айём тасаввурот дар бораи миқдор ва ҳаҷми типҳо тағйир ёфтанд. Баъзе гуруҳҳое, ки дар системаҳои пештара мавқеи муайян надоштанд, ҷои худро дар доираи ин ё он тип пайдо карданд. Ҳамин тавр минбаъд баробари намуд, ҷинс ва оилаҳо, қатор, синф ва ҳатто типҳои нав (масалан, соли 1955 погонофораҳо) низ ошкор шуданд; солҳои охир бошад қаторҳои нави рӯдаковокҳо, кирмҳои муякбадан ва харчангшаклон кашф шуданд. Олами ҳайвонотро одатан ба 2 зеролам — якҳуҷайрагиҳо ( ва бисёрҳуҷайрагиҳо  ҷудо мекунанд. Миқдори типҳо дар системаҳои олами ҳайвонот ҳархеланд (аз 10 то 33). Мувофиқи яке аз системаҳои қабулшуда типҳо 16-тоанд: соддатаринҳо , исфанҷҳо, археосиатҳо, гурӯҳи ҳайвоноти бисёрҳуҷайраи мунқариз), рӯдаковокҳо, кирмҳои дараҷаи паст, нармбаданҳо, банддорҳо, прозипигиҳо ё свпункулидҳо. Солҳои охир дар Тоҷикистон 250 намуди зиреҳдорон ва 300 намуди ширинча муайян карда шуд, ки қисма зиёдашон дар илм бори аввал ба қайд гирифта шудааст.

                                                                                       М.Нарзиқулов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …