Маълумоти охирин
Главная / Илм / СИСТЕМА

СИСТЕМА

СИСТЕМА (юнонӣ — кул, мураттаб аз ҷузъҳо; васл), маҷмуи унсурҳоеро гӯянд, ки бо ҳамдигар робитаю муносибати мутақобила дошта, як чизи томро ташкил медиҳанд ва ба тартиби муайян ҷойгир шудаанд. Система моддӣ ва абстрактӣ мешавад. Системаи моддӣ аз Системаи табиати ғайриорганикӣ, Системаи организми зинда, Системаи ҷамъиятӣ ва Системаи абстрактӣ аз мафҳум, фаразия, назария, дониши илмӣ дар бораи система, ҳамчунин аз Системаҳои мантиқи шаклӣ иборат аст.

Мафҳуми Система нисбист. Объекте, ки аз рӯи ягон консепт (хосият) Система аст, мувофиқи консепти дигар Система набуда метавонад. Масалан, қатори натуралии ададҳо, ки аз рӯи консепти тартиб Система аст, мувофиқи консепти робитаю алоқаи мутақобила Система намешавад ва баръакс, Системаи физикие, ки газ электронӣ ном дорад, аз рӯи робитаю алоқаи мутақобила Система аст, вале мувофиқи консепти тартиб Система намебошад. Нисбати мазкур ба мисли нисбате, ки дар физика аҳамияташ ба бузургиҳои масофа, суръат, энергияи кинетикӣ, масса ва ғайра аз интихоби Системаи ҳисоб вобаста аст, хислати объективӣ дорад.

Мафҳуми Система бо мафҳуми маҷмӯъ (множество) алоқаи қавӣ дорад. Фарқашон дар он аст, ки маҷмӯъ бо номбар кардани унсурҳон он муайян мешавад, вале мавҷудияти консепт ва муносибати ба он мувофиқи системаофаранда — структураро тақозо мекунад, ки он бояд қабл аз аниқ шудани унсурҳои субстрат муайян шавад. Ҳамин нукта бисёр унсурҳои номаълумро дар Система ошкор месозад. Масалан, Д. И. Менделеев дар асоси системаи даврии худ мавҷуд будани элементҳои химиявиеро пешгӯи карда буд, ки онҳо ба химикҳои замонаш ҳанӯз маълум набуданд.

Ҳамаи объекти олами берунаро ҷун Система тасаввур кардан мумкин аст. Ин ба савияи дониш ва хусусияти эҳтиёҷоти амалӣ вобаста аст. Дар шароити револютсияи илмию техникӣ мавқеи Система баланд мешавад. Дар илми муосир таҳқиқи Системаҳои гуногун дар доираи муносибати системӣ, назарияҳои махсуси Система, дар кибернетика, системотехника, тадқиқи системӣ ва ғайра гузаронида мешавад.

А. И. Уёмов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …