Маълумоти охирин
Главная / Илм / СИСТЕМАИ САРҲИСОБ

СИСТЕМАИ САРҲИСОБ

sys-sarhisob

СИСТЕМАИ САРҲИСОБ дар механика, маҷмӯи системаи координатаҳо ,ва соатҳои вобаста ба ҷисмест, ки нисбат ба он ҳаракат ё мувозинати ягон ҷисм ë нуқтаҳои материалӣ омӯхта мешавад. Ҳар гуна ҳаракати ҷисм нисбӣ мебошад ва бинобар он ҳаракати онҳоро нисбат ба ягон ҷисми дигар (ҷисми сарҳисоб) ё систамаи ҷисмҳо бояд муайян кард.

Ҳаракати математикии ҷисм (ë нуқтаи материалӣ) ннсбат ба Системаи сарҳисоби мунтахаб тавассути муодилаҳое ифода мешавад, ки вобастагии тағйирёбии координатаҳо ва вақти гузаштаро дар ин Системаи сарҳисоб ифода менамояд.

Масалан дар коордиватаҳои декартӣ х, у, z ҳаракати нуқта бо ёрии муодилаҳо ба истилоҳ муодилаҳои ҳаракат муайян хоҳад шуд (нигаред низ Кинематика). Интихоби Системаи сарҳисоб ба мақсади тадқиқот вобаста аст. Дар мавриди тадқиқотҳои кинематикӣ ҳамаи системаҳои сарҳисоб баробарҳуқуқанд.

Дар ҳалли масъалаҳои динамикӣ системаи сарҳисоби инерсиалӣ истифода мешавад, ки дар он муодилаи дифференсиалии ҳаракат шакли нисбатан содда дорад.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …