Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СИСТЕМАИ МОЛИЯ

СИСТЕМАИ МОЛИЯ

СИСТЕМАИ МОЛИЯ, 1) ба маънои васеаш маҷмуи соҳаҳои гуногуни муносибатҳои молиявиро гӯянд, ки тавассути онҳо истифодаи фондҳои пулӣ дар ин ё он форматсияи иҷтимоию иқтисодӣ ба роҳ монда мешаванд. 2) Ба маънои маҳдудаш — системаи муассисаҳои молиявии мамлакат, ки дар ҷараëни таъминоти молиявию кредитӣ ҷамъоварии маблағҳои пулӣ ва тақсими онҳо, ҳамчунин назорати молиявиро ба амал мебарорад. Баъзан ба Системаи молияи мамлакатҳои сотсиалистӣ кредити банкиро низ нисбат медиҳанд.

Системаи молияи мамлакатҳои капиталистӣ бюҷети давлатӣ, бюҷети маҳаллӣ, фондҳои суғурта, навъҳои гуногуни сметаҳои автономӣ ва фондҳои ғайрибюҷетию муҳосиба, инчунин молияи муассисаҳои давлатиро дар бар мегирад. Ба Системаи молияи давлатҳои буржуазӣ ҷудо кардани қисмҳои алоҳида, пурзӯр намудани вобастагии молиявии органҳои маҳаллӣ аз марказ, маблағҳои давлатиро васеъ истифода бурдани буржуазияи монополистӣ хос аст. Дар мамлакатҳои мутараққӣ Системаи молия ба амалӣ гардондани азнавсозиҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва ба вуҷуд овардани иқтисодиёти мустақили миллӣ равона шудааст.

Дар мамлакатҳои сотсиалистӣ Системаи молия мувофиқи принсипҳои сентрализми демократӣ, сиëсати миллии ленинӣ ба роҳ монда шудааст, ки он роҳбарии мутамаркази плани ва инкишофи мустақили хоҷагию ташаббуси муассисаю ташкилотҳоро таъмин намуда, дар ҳудуди тамоми мамлакат ҷорӣ кардани системаи ягонаи молиявиро таъмин мекунад. Системаи молияи давлатҳои сотсиалистӣ бюҷети давлатӣ, молияи муассисаҳои сотсиалистӣ, ташкилоту соҳаҳои хоҷагӣ, бюҷети суғуртаи давлатии сотсиалӣ, суғуртаи давлатии молумулкӣ ва шахсӣ, кредити давлатиро дар бар мегирад. Дар шароити сотсиализми мутараққӣ аҳамияти Системаи молия дар таъмини суръати такрористеҳсоли васеи сотсиалистӣ, баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот ва дараҷаи некӯаҳволии халқ бағоят меафзояд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …