Маълумоти охирин
Главная / Биология / СИСТЕМАИ ЛИМФА

СИСТЕМАИ ЛИМФА

sis-limfa

СИСТЕМАИ ЛИМФА, маҷмӯи рагҳо, гиреҳҳо ва бофтаи ҳайвони мӯҳрадор ва одамро гӯянд, ки лимфаро аз бофтаю узвҳо ба системаи венозӣ мегузаронанд ва организмро ҳимоя мекунанд. Системаи лимфа аз капиллярҳои лимфа сар мешавад. Капиллярҳо ба рагҳои хурди лимфа ва рагҳои хурд ба рагҳои калони лимфа муттаҳид шуда, дар охир ду маҷрои (ë танаи) калони лимфа (маҷрои чап ва рост)- ро ҳосил мекунанд. Лимфа аз тамоми бадан ҷамъ шуда, ба воситаи ин ду маҷро ба венаҳо мерезад. Дарозии маҷрои лимфа 30—45 см мешавад. Дар роҳи рагҳои лимфа гиреҳҳои лимфа (масалан, гиреҳҳои назди гӯш, зери ҷоғ, гардан, зери бағал, пушти сар ва ғайра) ҷойгир шудаанд. Гиреҳҳои лимфа ҳосилаҳои байзашакле мебошанд, ки аз бофтаи ретикулярӣ таркиб ёфтаанд. Дар гиреҳҳои лимфа лимфоситҳо ҳосил мешаванд. Ҷараёни лимфа ҳангоми аз гиреҳҳои лимфа гузаштан суст мешавад, ки ин барои аз тарафи лейкоситҳо (фагоситҳо) инҳисори ҷисмҳои бегона (аз бофтаҳо ба воситаи рагҳои лимфа ба ин ҷо меоянд) мусоидат мекунад. Бемориҳои Системаи лимфа лимфогранулематоз, лимфосаркома (нигаред Ретикулосаркома) ва ғайра мебошад.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …