Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / СИСТЕМАИ ҶАҲОНИИ СОТСИАЛИЗМ

СИСТЕМАИ ҶАҲОНИИ СОТСИАЛИЗМ

socialism

СИСТЕМАИ ҶАҲОНИИ СОТСИАЛИЗМ, иттиҳоди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии давлатҳои озоди соҳибихтиёрест, ки собитқадамона ба сӯи коммунизм пеш мераванд. Пайдоишу инкишофи Системаи ҷаҳонии сотсиализм самараи муҳими объективии ҳаракати байналхалқии коммунистию коргарӣ мебошад. Аввалин давлати сотсиалистии ҷаҳон — СССР дар натиҷаи ғалабаи Ревотсияи Кабири Сотсиалистии Октябр ба вуҷуд омад. Соли 1921 Муғулистон ба роҳи сотсиалистии тараққиёт дохил шуд. Солҳои 1944—49 Албания, Булғория, Венгрия, РДВ (соли 1976 бо Вьетнами Ҷанубӣ як шуда, Республикаи Сотсиалистии Ветнамро ташкил дод), Республикаи Демократии Гермаеия, Хитой, РХДК, Полша, Руминия, Чехословакия, Югославия, соли 1959 Куба, 1975 Лаос ба Системаи ҷаҳонии сотсиализм ҳамроҳ шуданд. Ба мамлакатҳои Системаи ҷаҳонии сотсиализм (1977) 21,6 фоизи масоҳати руи замин, 32,5 фоизи ҳамаи аҳолӣ, зиёда аз 40 фоизи маҳсулоти саноати ҷаҳон ва сеяки даромади миллии ҷаҳонӣ рост меояд. Системаи ҷаҳонии сотсиализм омили ҳалкунандаи инкишофи ҷаҳон аст: Системаи ҷаҳонии сотсиализм ба системаи ҷаҳонии капитализм муқобил буда, бо он дар соҳаҳои иқтисодиëт, илм, техника мусобиқа мекунад ва муборизаи оштинопазири идеологӣ мебарад.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …