Маълумоти охирин
Главная / Илм / СИСТЕМАИ ГЕОСЕНТРИИ ОЛАМ

СИСТЕМАИ ГЕОСЕНТРИИ ОЛАМ

СИСТЕМАИ ГЕОСЕНТРИИ ОЛАМ, тасаввуроти қадимаи антропосентри (нигаред Антропосентризм)-еро гӯянд, ки мувофиқи он Замин дар маркази Коинот қарор гирифтааст. Бунёди назарияи Системаи геосентрии олам ба олимони Юнони Қадим Арасту (асри 4 то милод) ва Птолемей (асри 2) тааллуқ дорад. Мувофиқи ақидаи Арасту Замини беҳаракат бо ҳафт «Осмон»-и мутааллиқи «сайёраҳо»-и зерин иҳота ёфтааст: Моҳ, Аторуд, Зӯҳра, Офтоб, Миррих, Муштарӣ ва Зуҳал. «Осмон»-и ҳаштумро ситораҳо ташкил мекунанд. Дар «осмон»-и нуҳум «рӯҳ» ё муҳаррики аввал воқеъ аст, ки он бо тарзи номафҳум ҳамаи «осмонҳо»-ро ба ҳаракат меоварад.

Дар асри 2 то милод Гиппарх системаи сфераҳоро бо системаи эписикл (давра)-ҳо иваз кард. Ин ақидаи Гиппархро Птолемей дар «Алмаҷастӣ» истифода бурда, онро такмил дод. «Алмаҷастӣ»-и Птоломей, ки дар он илми астрономияи қадим гирд оварда шудааст, дар давоми чандин асрҳо асоси Системаи геосентрии оламро ташкил мекард. Дар асрҳои 12—13 ба туфайли аз арабӣ ба лотинӣ тарҷима шудани «Алмаҷастӣ» Европа бо астрономияи Юнони Қадим шинос шуд, Аҳкоми динии калисо дурустии таълимоти Арастуро эътироф мекард, зеро Системаи геосентрии олам ба навиштаҷоти китоби муқаддас мухолифат намекард. Дар аҳди Эҳё ҷои Системаи геосентрии оламро Системаи гелиосентрии олам гирифт.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …