Главная / Гуногун / СИСТЕМАИ ДЕҲҚОНӢ

СИСТЕМАИ ДЕҲҚОНӢ

СИСТЕМАИ ДЕҲҚОНӢ, маҷмӯи тадбирҳои ба ҳам алоқаманди технологӣ (агротехникӣ), мелиоративӣ ва ташкилии истифодаи замин, таҷдиду баланд бардоштани ҳосилхезии хокро гӯянд. Системаи деҳқонӣ дар колхозу сохозҳзо як қатор унсурҳои ба ҳам алоқамандро дар бар мегирад: ташкили масоҳати замин ва киштгардон, системаи коркарди хок, системаи нурӣ, тадбирҳои мубориза бо алафҳои бегона, касалиҳо ва зараррасонҳои зироати хоҷагии қишлоқ, тухмипарварӣ, тадбирҳои муҳофизати хок ва обшӯй ва бодхӯрдашавӣ; дар ноҳияҳои ҷудогона — обёрӣ, заминхушконӣ, мелиоратсияи химиявӣ (оҳакандозӣ, гаҷандозӣ ва ғайра), бунёд кардани бешазори муҳофиз. Системаи деҳқонӣ бо таъсири истеҳсолоти ҷамъиятӣ, вобаста ба инкишофи техникаи деҳқонӣ, илмҳои агрономӣ, инчунин шароити табиӣ ташаккул ва тағйир меёбад. Инкишофи Системаи деҳқонӣ марҳалаҳои гуногуни интенсивонии деҳқониро акс мекунад. Ба Системаи деҳқонии самарабахши ҳозира ҳосилхезии баланди хок хос аст. Ҳосилхезии хокро бо роҳи бо навбат коштани зироатҳо, истифодаи бештари нурӣ (махсусан нурҳои минералӣ) ва шудгори хуб беҳтар мегардонанд.

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

САҚАНКӮР

САҚАНКӮР, нигаред Самандар.