Маълумоти охирин
Главная / Илм / СИСТЕМАИ ДАВРИИ ЭЛЕМЕНТҲОИ Д. И. Менделеев

СИСТЕМАИ ДАВРИИ ЭЛЕМЕНТҲОИ Д. И. Менделеев

СИСТЕМАИ ДАВРИИ ЭЛЕМЕНТҲОИ Д. И. Менделеев, системаи табиии элементҳои химиявиро гӯянд, ки Д. И. Менделеев дар заминаи қонуни даврӣ таҳия намудааст. То Д. И. Менделеев барои ба таври му-айян ҷо ба ҷо мондани элементҳои химиявӣ кӯшишҳои зиёде кардаанд. Д. И. Менделеев соли 1868 ҳангоми тартиб додани плани қисми дуюми китоби дарсиаш «Асосҳои химия» ба хусусияти элементҳо диққати махсус дода ба ғояи қонуни даврӣ омад. Ҳангоми ҷо ба ҷо кардани гурӯҳҳои элементҳои аз ҷиҳати химиявӣ ба ҳам монанд ӯ чунин қонуниятро дарёфт: агар ҳамаи элементҳои маълум аз рӯи тартиби зиёд шудани массаҳои атомияшон дар як қатор навишта шаванд ва ин қатор ба даврҳо бидуни тағйири тартиби ҷобаҷогузорӣ тақсим карда шаванд, дар натиҷа гурӯҳҳои аз рӯи хосиятҳои химиявӣ ба ҳам мушобеҳ аз ҳам фарқ карда мешаванд. Ҳамин тариқ Д. И. Менделеев соли 1869 аввалин ҷадвали системаи даврии элементҳоро тартиб дод ва дид, ки он ифодаи муҳимтарин қонуни табиат аст.

Пешгӯӣ кардани элементҳои химиявии кашфнашуда яке аз мисолҳои истифодаи амалии Системаи даврии элементҳои буд. Д. И. Менделеев мавҷудияти элементҳои мушобеҳи алюминий («эко-алюминий»—галий), силисий («эко-силисий» — германий), бор («экабор» — скандий)-ро қайд кард ва он элементҳо ҳангоми барҳаёт будани олим кашф шуданд. Дар баробари ин ҳангоми ҷобаҷогузории газҳои инертӣ ва элементҳои радиоактив баъзе ихтилофотҳо ба миён омад, ки Системаи даврии элемннтҳо дар шарҳи онҳо оҷиз монд. Сабаби асосии ин дар набудани назарияи сохти атом буд. Бо кашфи модели планетарии атом аз тарафи Э. Резерфорд (1911) ва тадқиқоти физикии минбаъда бо мурури замон аксари ин ихтилофҳо аз байн рафтанд.

Ҷадвали ҳозираи Системаи даврии элементҳо 105 элементи химиявиро дар бар мегирад, ки аз байни онҳо элементҳои трансуранӣ (рақами атомиашои Z=93— —105) ва инчунин элементҳои технесий (Z=43), прометей (Z=61), астат (Z=85), франсий (Z=87) ба таври сунъӣ ҳосил шудаанд.

Асоси сохти Системаи даврии элементҳоро ба гурӯҳ ва даврҳо тақсим кардани ҳамаи элементҳо ташкил медиҳад. Дар навбати худ ҳар як гурӯҳ ба гурӯҳчаи асосӣ (а) ва иловагӣ (б) тақсим мешавад. Ҳар гурӯҳча элементҳои аз рӯи хосиятҳои химиявӣ ба ҳам монандро дар бар мегирад. Қаторе, ки бо металли ишқорӣ сар шуда бо гази инертӣ ба итмом мерасад давр номида мешавад. Ҳар давр миқдори муайяни элементро дорад. Худи Системаи даврии элементҳо аз 8 гурӯҳ ва 7 давр (даври 7 даври нотамом) иборат аст. Асоси назариявии Системаи даврии элементҳоро тасаввурот дар бораи қонунияти ташаккули қабатҳои электронии атомҳо дар бар мегирад (нигаред Атом, Физикаи атомӣ). Қабатҳои электронӣ, махсусан қабатҳои берунии электронии атом хусусияти химиявии элементро муайян мекунанд.

Дар айни ҳол ҳудуди охирини Системаи даврии элементҳо маълум нест, зеро миқдори элементҳое, ки онро бояд Системаи даврии элементҳо дар бар гирад аниқ намебошад. Кашфи қонуни даврӣ ва сохтани системаи даврии элементҳои химиявӣ на танҳо барои химия ва дигар илмҳои табиатшиносӣ, балки барои фалсафа ва умуман барои дарки олам низ аҳамияти беандоаа бузург дошт. Дар асоси қонуни даврӣ як қатор элементҳои нав кашф карда шудаанд. Имрӯз ҳам қонуни даврӣ дар кашф ва ё бо роҳи сунъӣ ҳосил намудани элементҳои нав раҳнамоӣ мекунад. Системаи даврии элементҳо, ки хулосаи муҳимтарини таълимоти атому молекула аст, ба мафҳуми «элементи химиявӣ» таърифи нав дода, мафҳумҳои моддая басит ва пайвасти химиявиро аз ҳам фарқ мекунонад. Қонуниятҳое, ки дар Системаи даврии элементҳо ошкор шудаанд, дар ташаккули назарияи сохти атомҳо ва маънидоди ҳодисаи изотопия мақоми калон доштанд. Имрӯз дар асоси қонун ва системаи Менделеев барои синтези масолеҳи нав ба нави полимерӣ ва нимноқилӣ, хӯлаҳои гармитобовар, моддаҳои дорои хусусияти муайян тадқиқот бурда мешаванд.

Т. Идрисов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …