Маълумоти охирин
Главная / Илм / СИНТАГМА

СИНТАГМА

СИНТАГМА (юнонӣ syntagma— ба ҳам васлшуда, бо ҳам омада), ба маънои васеаш — пайдарпаии воҳидҳои забонист, ки дар ҷараёни нутқ сурат гирифтаанд. Синтагма аз ду ё зиёда морфема, калима, ибора ва ҷумла ба вуҷуд меояд, ки паи ҳам омада, воҳиди яклухтеро ташкил медиҳанд. Масалан, калимаи даста аз ду морфема— даст ва -а, калимаи мардикор аз ду калима — мард ва кор, км байни худ робитаи атрибутивӣ доранд, сохта шудаанд. Ҷумла силсилаи Синтегмаҳост. Синтегма дар ҷараёни нутқ ба вуҷуд ояд ҳам, ҳодисаи забонист, зеро унсурҳои таркиби он мувофиқи қоидаҳои забон бо ҳам пайванд мешаванд.

Ба маънои тангаш Синтегма пораи яклухти овозию маъноист дар ҷараëни нутқ. Синтегма метавонад аз як ё якчанд калимаи алоқаи маъноӣ дошта, ё аз ҷумлаи мукаммал иборат шавад. Баръакси ибораҳои рехта, ки дар забон ба шакли тайёр мавҷуданд, Синтегма ба мисли ибораҳои озод вобаста ба ҷараёни нутқ ҳар лаҳза аз нав сохта мешавад. Аз ҷиҳати маъно яклухтии Синтегма дар он ифода меёбад, ки дар матн як маънои пурра, як мафҳуми мураккабро ифода карда бошад. Масалан, дар ин ҷумла ҳар як Синтегма маънои хосеро ифода мекунад: Фардо  коргарони заводи мо таътил доранд. Яке аз аломатҳои асосии Синтегма яклухтии маъност. Дар синтаксис Синтегма ҳамеша пораҳои дуруст тақтеъшудаи синтаксисист. Агар тақтеъ нодуруст бошад, маънои ҷумла вайрон мешавад. Масалан, Фардо коргарони || заводи || мо таътил || доранд. Дар фонетика Синтегма пораи нутқи овозиест, ки тартиби фонетикӣ, зада, мавзунӣ ва оҳанги хос дорад. Ҳар Синтегма шомили задаи хосест, ки задаҳои заиф ва ҳиҷоҳои беаадаро ба тартиб андохта, ба дигар аъзоёни Синтегма яклухтӣ мебахшад. Синтегма вобаста ба тарзи пайванди ҷузъиёт, мавқеи он дар ҷумла ва миқдори аъзоҳояш ба навъҳои гуногун ҷудо мешавад. Хусусияти барҷастаи Синтегма он аст, ки дар байни калимаҳо ба фосила (ист) ҷой нахоҳад буд.

Т. Хаскашев.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …