Маълумоти охирин
Главная / Илм / СХОЛАСТИКА

СХОЛАСТИКА

СХОЛАСТИКА (аз юнонӣscholasticos — мактабӣ, олимӣ), як равияи маъмули фалсафаи асримиёнагии Европаро гӯянд. Бунёдаш аз далелу бурҳонҳои мавҳуми мантиқи иборат аст, ки ба мақсади собит кардани аҳкоми дини масеҳи ба тарзи сунъӣ сохта шудааст. Ба Схоластикаи ибтидоӣ (асрҳои 11—12) ғояҳои афлотунияи августинӣ таъсир кардааст. Шиори асосии Анселми Кентерберӣ «эътиқоди хирадҷӯ», рационализмро ба фидеизм тобеъ карда, ғояи асосии фалсафаи схоластиро ташкил дод. Аз ин рӯ, назарияи фалсафаи схоластӣ баъдтар пайдо шуда бошад ҳам, дар таърихи фалсафаю дин Анселми Кентербериро аввалин схоласт мешуморанд. Дар ин давра дар боби универсалияҳо (умури куллӣ) баҳсоғоз ёфта, равияҳои реалистию номиналистӣ ба вуҷуд омаданд ва ба реализми схоластӣ номинализму консептуализми Абеляр муқобил гузошта шуданд.

sxolastika

Алберти Кабир. Фомаи Аквинӣ ва Сигери Брабантӣ намояндатони Схоластикаи баркамоли асрҳои миёна ва Иоанн Дунс Скот, Уилям Оккам намояндагони Схоластикаи мутааххир мебошанд. Инкишофи тамаддуни мамлакатҳои Европаи Шарқӣ дар асрҳои 13—14 ба фалсафаи схоласти нақши худро гузошт, ки заминаи асосии онро афкори илмию фалсафии Шарқи Наздик ва Миёна ташкил медод. Папа Пии V дар асри 15 Фомаи Аквиниро яке аз асосгузорони калисои католикӣ эълон карда бошад ҳам, томизм мавриди танқиди ҷараёнҳои гуманистӣ қарор гирифт. Баробари инкишофи системаи фалсафии Схоластика дар дохили он ҷараёнҳои оппозисионӣ ба вуҷуд омаданд. Минбаъд доираи фаъолияти равияҳои оппозисионӣ васеъ шуд, ки он заминаи давраи нави просесси таърихию фалсафӣ — Аҳди ҷадид ба шумор меравад.

Дар асрҳои 16—17 дар Испания кӯшишҳои таҷдиди таълимоти схоластӣ ба амал омада бошад ҳам, маорифпарварон назарияи ҳақиқати дутинаро пешниҳод номуданд, ки моҳиятан ба муқобили таълимоти схоластии таносуби эътқоду ақл равона шуда буд.

Пайдоиши ҷараёнҳои мухталиф дар ислом, аз қабили муътазилия, ашъария ва ғайра дар Шарқи асрҳои миёна боиси ба вуҷуд омадани фалсафаи схоластӣ гардид, ки он бо номи калом машҳур аст. Мавзӯи асосии баҳси он зоту сифатҳои худо, офариниши олам, нубувват ва ҷазою сазои охират мебошад.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …