Маълумоти охирин
Главная / Техника / СХЕМОТЕХНИКА

СХЕМОТЕХНИКА

sxemotexnika

СХЕМОТЕХНИКА, як равияи илмию техникист, ки проблемаҳои лоиҳакашӣ ва тадқиқи схемаҳои асбобу олоти радиотехникаю алоқа, автоматика, техникаи ҳисоб ва дигар соҳаҳоро дар бар мегирад. Схемотехника солҳои 60 дар натиҷаи унификасияи схемаҳо барои татбиқи бисёр соҳаҳои тохника ба миён омад. Вазифаи асосии он муайян кардани сохти схемаҳои электроние мебошад, ки иҷрои функцияҳои муайян ва ҳисоби параметрҳои элементҳои ба он дахлдорро таъаин менамояд. Дар асоси схемаҳои электронӣ асбобу олоте сохта мешаванд, ки чун базаи элементии электр ва радиоэлементҳои дискретӣ (резистор, конденсатор, диод, транзистор ва ғайра) ва микросхемаҳои интегралӣ хизмат мекунанд.

Дар баробари инкишофи микроэлектроника, коркарди схемаҳои интегралии калон — асбобу олоти функсиюналӣ, ки системаҳои яклухтро ифода мекунанд, схемотехника ва системотехника дар баъзе мавридҳо ба ҳам пайваста мешаванд. Т. Ҷӯраев.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …