Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СВИФТ Ҷонатан

СВИФТ Ҷонатан

jonathan_swiftСВИФТ (Swift) Ҷонатан (30. 11. 1667, Дублин—19. 10. 1745, ҳамон ҷо), нависандаи англис. Аз оилаи амалдор. Солҳои 1682—1688 дар Тиринти-коллеҷи университети Дублин таҳсил кардааст. Фаъолияти эҷодии Свифт аз памфлетҳои «Муборизаи китобҳо» (1697) ва «Афсонаи бочка» (1704) оғоз меёбад, ки дар онҳо таассуби динӣ ва таназзул танқид шудааст. Свифт ҳимоятгари манфиатҳои Ирландия буд «Мактубҳои моҳутбоф» (қисми 1—2, 1723—24). Ба қалами ӯ «Саёҳати Гулливер» (1726; тарҷумаи тоҷикӣ 1932) тааллуқ дорад. Ин асар ҳаҷви тезу тундест ба системаи сиёсӣ ва нобаробариҳои иҷтимоии  Европаи ҳамонвақта. Маорифпарвари намоён ахлоқи феодалӣ, худсариҳои шоҳу шоҳзодагон, фазлфурушӣ, ҷангҳои ғоратгаронаро танқид кардааст. Саргузашти Гулливер дар байни мардумони пакана ва бузургҷусса ва дигар бошандагони кишварҳои он сӯи уқёнус хеле шавқовар буда, ба шарофати истеъдод, тахайюли ғанӣ ва маҳорати ҳаҷвнигории нависанда дастраси халқҳои ҷаҳон гардида, ба китоби дӯстдоштаи хурду калон табдил ёфтааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …