Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СВОБОДА Людвик

СВОБОДА Людвик

СВОБОДА (Svoboda) Людвик (25. 11. 1895, Грознетин, Чехия—20. 09. 1979), арбоби давлатию сиёсӣ ва ҳарбии Республикаи Сотсиалистии Чехословакия, генерали армия (аз ноябри 1945), се карат Қаҳрамони Республикаи Сотсиалистии Чехословакия (1965, 1970, 1975), Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (1965). Аз оилаи деҳқон. Солҳои 1931 —1934  дар Академияи ҳарбии Граниса (Моравия) дарс дод, баъд командири баталони пиёдагард шуд. Пас аз Чехословакияро забт кардани армияи фашистии немис яке аз ташаббускорони ташкилоти ҳарбии пинҳонкории зиддифашистӣ буд. Тобистони 1939 ба Полша омада, қисми ҳарбии Чехословакияро ташкил дод ва соли 1939 бо як қисм ба Иттифоқи Советӣ гузашт. Свобода феврали 1942 дар Бузулук баталони 1-уми пиёдагарди алоҳидаи Чехословакияро ташкил дод, ки якумин бор соли 1943 бо аскарони фашистии немис дар наздикии Соколово ҷангидааст. Соли 1943 ба бригадаи 1- уми алоҳидаи Чехословакия, ки он дар наздикии Киев, Белый Церковь, Жашков ба ҷанг даромадааст ва соли 1944 ба корпуси 1-уми армияи Чехословакия дар амалиёти Дукел, дар муҳорибаҳои Словакия сардори кард. Солҳои 1945—1950 вазири мудофиаи миллӣ. Солҳои 1950—1951 муовини раиси ҳукумати Чехословакия ва раиси Комитети давлатӣ оид ба физкултура ва спорт, 1955—1959 сардори Академияи ҳарбии ба номи К. Готвальд буд. Аз марти 1968 то маи 1975 президенти Республикаи Сотсиалистии Чехословакия, Сарфармондеҳи Олии қувваҳои мусаллаҳи Республикаи Чехословакия. Солҳои 1948—49 ва аз августи 1968 аъзои Комитети Марказии  ПКЧ; аз августи 1968 аъзои Президиуми Комитети Марказии ПКЧ. Бо ду ордени К. Готвалд, ду ордени Ленин, Револютсияи Октябр, ду ордени Суворов (дараҷаҳои 1, 2) мукофотонида шудааст. Лауреати Мукофоти сулҳи Чехословакия (1968), Мукофоти байналхалқии ленинӣ «Барои мустаҳкам намудани сулҳи байни халқҳо» (•1970) .

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …