Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СВЕТЛОВ Михаил Аркадевич

СВЕТЛОВ Михаил Аркадевич

СВЕТЛОВ Михаил Аркадевич (17.06. 1903, Екатеринослав, ҳозира Днепропетровск —28. 09. 1964, Москва), шоири советии рус. Аз оилаи яҳудии камбағал. Аз соли 1919 аъзои комсомол; соли 1920 аскари ихтиёрии Полки 1-уми территориявии Екатеринослав. Дар Университети Москва хондааст (1927—1928). Асарҳояш аз соли 1917 нашр шудаанд. Маҷмӯи аввалинаш — «Релсҳо» (1923), «Шеърҳо» (1924), «Решаҳо» (1925) ва ғайра Шеърҳои («Гренада», 1926; «Ба рабфакдухтар», 1925; «Дар разведка», 1927 ва ғайра) рӯҳи романтикӣ доранд. Дар китоби «Вохӯриҳои шабона» (1927) изтироб ва ошуфтагии давраи Новая Экономическая Политика(Сиёсати Нави Иқтисодӣ) инъикос ёфтааст. Яке аз беҳтарин шеърҳои солҳои 30 навиштаи Светлов «Суруд дар бораи Каховка» (1935; мусиқии Дунаевский) аст. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—1945) Светлов мухбири махсуси газетаи «Красная звезда» дар фронти Ленинград, мухбири як  қатор газетаҳои фронтӣ буд. Дар байни асарҳои солҳои ҷанг (достони «Бисту ҳашт», силсилаи шеъҳо дар бораи Лиза Чайкина ва ғайра) шеъри «Шахси италиявӣ» (1943) яке аз беҳтаринҳост. Аз миёнаи солҳои 50 Светлов бо илҳоми нави эҷодӣ ба шеъргӯӣ шурӯъ кард. Дар маҷмӯи шеърҳои «Уфуқ» (1959) ва «Кулбаи сайёд» (1964) як зумра масъалаҳои муҳимми иҷтимоӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд. Романтика ва лиризм ба драмматургияи Светлов низ хос аст. Шеърҳои Светлов ба бисёр забонҳо тарҷума шудаанд. Лауреати Мукофоти ленинӣ барои китоби «Шеърҳои солҳои охир» (1967). Бо 3 орден ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …