Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Вилояти СВЕРДЛОВСК

Вилояти СВЕРДЛОВСК

СВЕРДЛОВСК, вилоятест дар ҳайати Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия (аз 17 январи 1934). Масоҳаташ 194,8 ҳазор км2. Аҳолиаш 4597 ҳазор нафар (1984). Аҳолии шаҳрӣ 86%. 30 район ва 44 шаҳр дорад. Марказаш шаҳри Свердловск. Вилоят асосан дар нишебии шарқӣ, қисми ҷануби ғарбиаш дар нишебии ғарби кӯҳҳои Урал ва қисми шарқиаш дар ҳамвории Сибири Ғарбӣ ҷой гирифтаанд. Ҳарорати миёнаи январ аз -16 то —200 С, июл 16 —190 С. Боришоти солона 500 миллиметр. Дарёҳо аоосан ба ҳавзаи дарёи Об ва қисман ба ҳавзаи дарёи Кама мансубанд. 61% ҳудуди вилоят бешазор (асосан сӯзанбарг ва бешаи омехта) аст. Маъданҳои оҳан, мис, боксит, асбест, ангиштсант, торф истихроҷ мекунанд. Свердловск яке аз калонтарин ноҳияҳои саноати мошинсозии вазнин ва металлургист. Калонтарин корхонаи саноати металлургияи сиёҳ Комбинати металлургии Нижний Тагил; заводдҳои қубурсозӣ дар шаҳрҳои Первоуралск, Каменск-Уралский ва Полевской мавҷуданд. Алюминий ва мисгудозӣ тараққӣ кардааст. 3аводҳои мошинсозӣ (дар Каменск-Уралский, Нижний Тагил ва дигар) таҷҳизоти энергетикӣ, саноатӣ, вагону дастгоҳҳо ва ғайра истеҳсол мекунанд. Корхонаҳои саноати ҷангал, химия, ва масолеҳи бинокорӣ низ мавҷуданд. Дар ҷануби вилоят зироати ғалладона (гандум, ҷавдор ва айра) мекоранд; дар маҳалҳои наздишаҳрӣ хоҷагиҳои истеҳсоли шир ва сабзавоткорӣ ҳастанд. Асосан гов, хук ва гӯсфанд мепарваранд. Вилоят бо ду ордени Ленин мукофотонида шудааст (1959, 1970).

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …