Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СВЕРДЛОВ Яков Михайлович

СВЕРДЛОВ Яков Михайлович

СВЕРДЛОВ Яков Михайлович (лақаби партиявиаш Андрей, Макс ва дигар: 03. 06. 1885, Нижний Новгород,  ҳозира Горький — 16. 03. 1919, Москва), арбоби Партияи коммунистӣ ва Давлати Советӣ. Аз оилаи косиби ҳаккок. Аъзои Партияи коммунистӣ аз соли 1901. Аз соли 1900 дар дорухона шогирд буд; дар байни коргарони Канавин ва Сормово тарғибот мебурд. Свердлов 1901 барои иштирокаш дар намоиши зидди бадарғаи М. Горкий аз Нижний Новгород ҳабс гардид. Револютсионери касбӣ; дар Нижний Новгород, Кострома, Ярославл, Қазон кори тарғиботӣ мебурд. Солҳои 1902—1903 борҳо ҳабсу бадарға шудааст; Соли 1904 бо қарори Комитети шимолии РСДРП ба кори ғайрилегалӣ гузашт. Соли 1905 КМ РСДРП ӯро барои мустаҳкам намудани ташкилоти партиявии Урал фиристод; декабри 1905 дар Екатеринбург (аз соли 1924 ба шарафи Свердлов— Свердловск) ба Комитети РСДРП роҳбарӣ кард. Январи 1906 оид ба барқарор намудани ташкилоти партиявии Перм, ки полисия барҳам дода буд, кор бурд. Феврали 1906 дар Екатеринбург ба Конференсияи 2-юми партиявии вилоятии Урал роҳбарӣ намуд. Июни 1906 ҳабс ва соли 1907 ба муддати 2 сол маҳкум гардид. Ноябри 1909 КМ РСДРП барои барқарор намудани ташкилоти партиявии Москва фиристод; декабр ҳабс, соли 1910 ба кишвари Нарим бадарға карда шуд, июл аз он ҷо гурехт. Ҳамчун намояндаи КМ РСДРП дар ташкилоти партиявии Петербург кор кард; дар тайёр кардани нашри газетаи «Звезда» иштирок намуд. Ноябри 1910 ба ҳабс гирифта, соли 1911 боз ба Нарим бадарға карда шуд. Ташаббускори ташкили Бюрои марказӣ оид ба роҳбарии кори партиявии бадарғашудагони кишвар буд. Баъди Конференсияи 6-уми умумироссиягии (прагагии) РСДРП (1912) ба КМ ғоибона аъзо ва ба ҳайати Бюрои КМ РСДРП оид ба Россия дохил шуд. Декабри 1912 аз бадарға гурехт; дар Петербург яке аз роҳбарони газетаи «Правда» ва фраксияи болшевикии Думаи 4-уми давлатӣ буд. Соли 1913 ҳабс карда, ба кишвари Турухан фиристода шуд ва дар он ҷо фаъолияти револютсиониашро давом дод. Баъди Револютсияи феврали 1917 ба Петроград омад; КМ РСДРП(б) моҳи апрел ӯро ба Урал фиристод, дар Екатеринбург ба конференсияи партиявии вилоятии Урал роҳбарӣ намуд. Вакили Конференсияи 7-уми умимироссиягии (апрелии) РСДРП (б), аъзои КМ интихоб шуд; баъди конференсия котиби Комитети Марказӣ ва вакили Комитети Иҷроияи Марказии Умумироссия интихоб гардид. Ба Бюрои ташкилии оид ба даъвати Съезди 6-уми РСДРП(буржуазӣ) ва баъди съезд ба Котиботи Комитети Марказӣ РСДРП(буржуазӣ) роҳбарӣ кард. Бо В. И. Ленин робитаи доимӣ дошта, бо ташкилотҳои маҳаллии партиявӣ алоқаро муста кам намуд. Маҷлисҳои 23 ва 29 октябри 1917 дар зери раёсати Свердлов гузаштанд, ки дар онҳо оид ба шӯриши мусаллаҳ қарор қабул карда шуд. 21 ноябри 1917 бо таклифи В. И. Ленин раиси Комитети Иҷроияи Марказии Умумироссия интихоб гардид ва вазифаи котиби Комитети Марказӣ РСДРП(буржуазӣ)- ро низ давом дод. Раиси Комиссияи оид ба тартиб додани Конституцияи Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия ва соли 1918 ташаббускори ташкили мактаби агитаторон ва инструкторон дар назди Комитети Иҷроияи Марказии Умумироссия (аз июли 1919 ба Университети коммунистии ба номи Я. М. Свердлов табдил дода шуд) буд. Дар тайёр намудани Конгресси 1-уми Интернатсионали Коммунистӣ, январ-феврали 1919 дар съездҳои аввалини Советҳои Латвия, Литва ва Белоруссия, марти 1919 дар Съезди 3-юми Партияи Комунистӣ(буржуазӣ) Украина ва Съезди 3-юми умумиукраинии Советҳо иштирок намуд. В. И. Ленин ба фаъолияти Свердлов оид ба мустаҳкам намудани Ҳокимияти Советӣ, ташкили аппарати нави Давлати Советӣ баҳои баланд додааст.

Свердлов дар назди девори Кремли Майдони Сурх дафн карда шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …