СУЗОК, сӯзонак, пармев, гонорея, як навъ бемории аъзои таносулро гӯянд, ки барангезандааш гонококкҳо мебошанд. Манбам сироят шахси бемор буда, беморӣ асосан ҳангоми алоқаи ҷинсӣ мегузарад. Бо роҳи ғайриҷинсӣ одатанкӯдаконе, ки модарашон ба Сузок гирифторанд (ҳангоми таваллуд гонокомкҳо ба чашм ё сӯрохии маҳбал медароянд), сироят меёбаяд; аз ҷои хоб ва сачоқи умумӣ низ сироят ёфтан мумкин аст. Организм ба Сузок иммунитет ҳосил намекунад, яъне ҳар шахс якчанд маротиба гирифтор шудаанаш мумкин аст; бемории ғайриирсист. Давраи ниҳонниаш аз як шаборӯз то 2—3 ҳафта (аксар3—5 шаборӯз). Баъди сироят роҳи пешоб сӯзиш карда, аз он чирк беруя меояд. Гонококкҳои ба хун дохилшуда зуд ҳалок мегарданд ва гонотоксин ҷудо мекунанд, ки дар натиҷаи асари он сар дард мекунад, буғумҳою системаи асаб иллат меёбанд. Сузок аз таъсири шароб, хӯраки тезу тунд, ҷимоъ за ғайра авҷ мегирад. Аксар вақт Сузок боиси безурётӣ мегардад.
Муолиҷа: антибиотикҳо, иммупотерапия, физиотерапия ва ғайра.
Пешгирӣ: пешгирии садамавии Сузок — муолиҷаи беморҳо, ошкор кардани манбаи сироят, гузаронидани корҳои маорифи санитарӣ, азназаргузаронии тиббии аҳолӣ ва ғайра; пешгирии шахсии Сузок— худдорӣ кардан аз алоқаи ҷинсии тасодуфӣ, истифодаи презерватив, ҳангомизоҳир гаштани аломатҳои бемори зуд ба духтур муроҷиат кардан.
Л. Т. Зоҳиров.