Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри СУЗДАЛ

Шаҳри СУЗДАЛ

suzdal

СУЗДАЛ, шаҳрест дар вилояти Владимири РСФСР, яке аз қадимтарин шаҳрҳон рус, ки дар он ёдгориҳои меъмории сершуморе маҳфузанд. Нахустин бор соли 1024 ном бурда шудааст. Дар нимаи якуми асри 12, дар аҳди Юрий Долгорунии, Суздал маркази князии Ростову Суздал буда, баъд ба ҳайати князии Владимиру Суздал дохил шудааст. Аз ачри 13 пойтахти мустақил князии Суздал. Соли 1238 аз тарафи истилогарони муғулу тотор оташ зада шуд. Нимаи якуми асри 14 пойтахти князии Суздалу Нижний Новгород буд, соли 1392 ба ҳайати князии кабири Москва даромада ва дар асри 15 ба ҳайати он қатъиян дохил карда шуд. Суздал аҳамияти сиёсии худро гум карда, яке аз марказҳои динии Рус гардид. То худи асри 19 епархия дар Суздал буд. Дар давраи интервенсияи Полшаю Литва (аввали асри 17) Суздалбисёр хароб шуд. Аз миёнаи асри 17 давраи вусъати тиҷоратию иқтисодии Суздал дар мешавад. Аз соли 1796 маркази уезди губернияи Владимир. Дар Суздал ёдгориҳои меъмории асри 13—17 боқӣ мондаанд. 20 августи 1974 Суздал ба муносибати 950 солагиаш бо ордени «Нишонн фахрӣ» мукофотонида шуд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …